Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.11.200716:25

Ҷамъбасти озмун байни талабагон

Хуҷанд, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Дар «Маркази ҷавонон» маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмуни иншои беҳтарин аз рӯи филмҳое, ки дар ҷараёни «Ҳафтаи кинои бачагон» дар шаҳри Хуҷанд намоиш дода шуда буданд, баргузор гардид.

«Ҳафтаи кинои бачагон» бо ибтикори муассисаи давлатии «Маркази ҷавонон» ва раёсати маорифи вилоят, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир гардида буд. Дар ҷараёни як ҳафта мактаббачагони маркази маъмурии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ба он наздик имкон доштанд, филмҳои бачагонаи «Танҳо дар хона», «Чарли Чаплин», «Кӣ ҳам мегуфт» ва ғайраро бепул тамошо кунанд. Дар рӯзҳои таътили тирамоҳӣ ин ва дигар филмҳоро беш аз 10 ҳазор талабагон тамошо карданд.

Бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии талабагон барои иншои беҳтарин аз рӯи филмҳои «Ҳафтаи кинои бачагон» озмун эълон гардида буд. Дар ин озмун 10 талабаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ғолиб омаданд, ки ба онҳо аз ҷониби раёсати маорифи вилоят ва раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва туризм ифтихорномаҳо ва аз номи роҳбарияти вилоят тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Талабагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд Диёр Раҳимов, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Шариф Амонов ва шаҳри Чкаловск Илҳом Фаёзов аз ҷумлаи ғолибони озмунанд. Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳоро ба ғолибон муовини раиси вилоят Ваҳоб Набиев супорид.

Тарҷумон – Л. Ҳасанова.

Источник: ИА "ХОВАР"
5.0
- всего оценок (1)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

28.0316:50Лукашенко назвал Путина родным братом
28.0316:35Землю под «резиденцию Дмитрия Медведева» арендовали за 40 рублей в год
28.0314:37Секретный лимузин Путина засекли в Швеции
28.0314:19Подробности миграционной амнистии граждан Таджикистана в России
28.0314:15В Москве убит начальник строительного управления МВД


Самое обсуждаемое

27.0312:50Смутные времена для дряхлого Евросоюза(3)
28.0307:45Пилькевич: «Подлые люди тут не задерживаются…»(1)
28.0309:32ТАЛКО и РУСАЛ окончательно помирились(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00