Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.11.200712:23

Иҷлосияи таърихии 16- уми Шўрои Олии Тоҷикистон дар Хуҷанд 15 – сола шуд

Хуҷанд, 14 ноябр. ( АМИТ «Ховар», Сайидо Назаров).- Маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд- ба қабули меҳмонони олиқадр тайёрӣ мебинад, ки барои иштирок дар ҷамъомадҳои идонаи бахшида ба 15 - солагии иҷлосияи таърихии 16- уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар ин ҷо ҷамъ меоянд.

Дар ин ҷамъомад Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок хоҳад кард. Вай ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи силсилаи корхонаю муассисаҳо дар Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят ширкат хоҳад варзид.

Ба ақидаи шоҳидони иҷлосия, Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 маркази қабули қарорҳои муҳими сиёсие гардида буд, ки барои қатъи муқовимати тӯлонии шаҳрвандӣ замина гузошта тавонистанд.

«Дар иҷлосия ҳуҷҷатҳои муҳим қабул гардиданд», - ба хотир меорад вакили ҳамонвақтаи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ аз қитъаи интихоботии «Инқилоб» - и шаҳри Хуҷанд Ҷаҳон Набиев. Вале, ба ақидаи ӯ, қарори муҳимтарини қабулнамудаи вакилон интихоби роҳбари нави сиёсии мамлакат буд. Ҷ.Набиев дар ин иҷлосия аз ҷумлаи онҳое буд, ки номзади Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи раиси парлумон – сарвари давлат ҷонибдорӣ кард. Ҷ.Набиев айни ҳол раиси шӯрои ҷунбиши ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Хуҷанд мебошад. 

Вай ба хотир меорад, ки ҳамон вақт бисёриҳо гумон доштанд, ки Эмомалӣ Раҳмони ҷавону бе таҷриба дар вазифаи роҳбари давлат муддати тӯлонӣ кор карда наметавонад. Шахсоне ҳам буданд, ки худро ҳарифи сиёсатмадори ҷавон мешумориданд. Вале иштирокчиёни иҷлосия дар ҷараёни овоздиҳии махфӣ ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Ҷ.Набиев зикр кард, ки баъзе вакилон аз тарси ҷони худ ба иҷлосия ҳатто наомаданд. Баъзе вакилон бошад, қаламрави мамлакатро тарк намуданд, дигарон ба муваффақияти ҳалли масъалаҳо бовар надоштанд.

Дар рӯзҳое, ки ба Тоҷикистон хавфи ҳамчун давлат барҳам хӯрдан таҳдид мекард, масъалаи дар куҷо гузаронидани иҷлосияи навбатии парлумон ба миён гузошта шуд. Ҳамон рӯзҳо бинои Шӯрои Олӣ дар пойтахт аз дасти як гурӯҳи мусаллаҳ ба дасти гурӯҳҳои дигар мегузашт. Вакилон биноҳои дигари дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он бударо чун макони баргузории иҷлосия рад намуданд. Муовини ҳамонвақтаи раиси вилояти Ленинобод Карамулло Олимов ба хотир меорад, ки ҳатто пешниҳоди дар мамлакатҳои ҳамсоя гузарондани иҷлосия ба миён гузошта шуда буд. Вале баъдан бо назардошти вазъияти орому мӯътадили минтақаи шимоли мамлакат, қарор дода шуд, ки иҷлосия дар Хуҷанд гузаронида шавад.

К.Олимов чунин мешуморад, ки солҳои ҷанги дохилӣ ва хараҷу мараҷ ба иқтисодиёти мамлакат баробари буҷети 23 – солаи ҷумҳурӣ ё ба маблағи 7 миллиард доллари ИМА зарари моддӣ расонда шуд. Э.Раҳмон ҳамон вақт масъулияти бузургро ба зимма гирифт ва ваъда дод, ки онҳоро ҳатман иҷро хоҳад кард. Ӯ ба ваъдаҳои худ вафо карда, дар навбати аввал ҳамаи гурезаҳоро ба ватан баргардонд , гуфт К. Олимов.

Муаллими химияи мактаби миёнаи рақами дуюми шаҳри Хуҷанд Абдунабӣ Турсунов соли 1992 дар Душанбе зиндагӣ мекард. Вай ба хотир меорад, ки ҳар рӯз аз хона барои ёфтани нон ба кӯча баромада, гумон надошт, ки сиҳату саломат баргардад. Душвориҳои имрӯзаи вобаста ба камбуди ба барқу газро бо душвориҳои солҳои ҷанг баробар кардан мумкин нест. Душвориҳои имрӯза муваққатӣ ва ҳалшавандаанд. А.Турсунов имрӯз ба шогирдонаш дар бораи хусусиятҳои давраи гузариш , қурбониёни ҷанг, муборизони роҳи истиқрори сулҳ ва фарзандони барӯманди миллат нақл мекунад. «Хушбахтии мо дар он аст, ки сарвари умумимиллии худро интихоб карда тавонистем ва ӯ ваъдаҳои ба халқу миллат додаашро собитқадамона иҷро менамояд », - мегӯяд муаллим.

Сокини 66 - солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳабибулло Мирпочоев баъди анҷоми иҷлосияи таърихии 16- уми Шӯрои Олии мамлакат барои 900 нафар оши оштӣ пухта буд. Ман усулҳои гуногуни пухтани оши палавро медонам. Вале маълум шуд, ки роҳу усулҳои истиқрори сулҳро дар мамлакат танҳо роҳбари хеле ҷавон ва дар назари аввал сиёсатмадори муқаррарӣ хеле беҳтар медонистааст»,- мулоҳиза меронад Ҳ.Мирпочоев.

Тарҷумон - А. Қудратов .

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

29.0317:51Уроженка Таджикистана победила в конкурсе красоты в Харькове
29.0317:12На востоке Таджикистана сошел сильный камнепад. Несколько домов разрушено
29.0316:00«Вертолеты России» представили свою продукцию в Таджикистане
29.0314:46В «Матросской тишине» покончил с собой гражданин Таджикистана
29.0313:21Таджикские студенты получат возможность бесплатного обучения в вузах Европы


Самое обсуждаемое

27.0312:50Смутные времена для дряхлого Евросоюза(3)
28.0307:45Пилькевич: «Подлые люди тут не задерживаются…»(2)
28.0314:19Подробности миграционной амнистии граждан Таджикистана в России(2)
29.0311:25Вице-президент Афганистана Абдул Рашид Дустум находится под домашним арестом из-за скандала с изнасилованием(1)
28.0309:32ТАЛКО и РУСАЛ окончательно помирились(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156234