Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

26.11.200713:24

Машварати корӣ дар сатҳи Президенти ҷумҳурӣ

26 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат маҷмӯи масоили кишоварзӣ, аз ҷумла кишти тирамоҳии заминҳои пахта ва ғалладона, дастрас намудани тухмиҳои хушсифат, маводи сӯхту молиданӣ ва ба кор омода кардани техникаю таҷҳизот мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолати имрӯзаи истифодабарии заминҳои обию лалмӣ, аз бекор мондани майдонҳои зиёди киштбоб, ҳолати таъминоти хоҷагиҳо бо техникаи кишоварзӣ, бо тухмиҳои хушсифат ва маводи сӯхту молиданӣ изҳори нигаронӣ карда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба масоили таъминоти мардум ва истеҳсолот бо нерӯи барқ, тезонидани корҳо дар сохтмони нерӯгоҳҳои обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 ва ҳарчи зудтар ба кор даровардани маркази барқ ва гармидиҳии Ёвон зоҳир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба ғанигардонии бозори истеъмолӣ бо маводи хӯрока ва доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

21.0716:47Три сотрудника МВД уволились, не захотев отказываться от российского гражданства
21.0715:22Будь в тренде! Так может выглядеть каждая таджичка
21.0714:13МВД Таджикистана уволило 20 милиционеров «тяжеловесов»
21.0713:55«Часы Путина» ушли с молотка за миллион евро
21.0713:45В Таджикистане запретят фото- и видеосъёмку ЧП и стихийных бедствий


Самое обсуждаемое

20.0715:41Мамадазимов: Саудовская Аравия отказала РТ в деньгах из-за катарского кризиса(3)
18.0713:29Далер Кузяев: Звали играть за Таджикистан, но я хочу выступать только за Россию(2)
19.0713:41Россия экстрадировала в Таджикистан дезертира(2)
21.0711:18Минкультуры разрабатывает образцы исконно таджикской одежды(2)
19.0716:37Минсельхоз: Прошли те времена, когда килограмм картошки стоил 60 дирам(1)
20.0718:52В Таджикистане пожаловались на резкое снижение трудовой миграции(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312525