Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

08.11.200715:03

« Сохтани биноҳои баландошёна афзалтар аст»

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Неъматуллои Нурулло). - 8 ноябр дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм доир гардид.         

         Дар кори иҷлосия вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони идораву ташкилот, муассисаву корхонаҳои пойтахт ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ифтитоҳ намуда, барои баррасии вакилон масъалаҳои зеринро пешниҳод намуд:

-Ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе З. Муҳуддинов доир ба иҷрои «Барномаи комплексии рушди сохтмони манзил дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2007-2015»;

Ҳисоботи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе В. Рустамов оид ба рафти иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;

-Дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети иловагии шаҳри Душанбе;

-Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

-Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

Аз рўи масъалаи якуми рўзномаи иҷлосия муовини раиси шаҳри Душанбе Зокирхўҷа Муҳуддинов суханронӣ карда, дар баробари корҳои дар ин росто иҷрошуда, аз камбудиву проблемаҳои соҳа низ ёдрас шуд.

«Талабот ба манзил рўз аз рўз афзоиш ёфта, ҳоло барои беҳтар намудани шароити манзилӣ зиёда аз 9 ҳазор ва барои гирифтани қитъаи замин зиёда аз 20 ҳазор шаҳрвандон ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳарчанд барои табақаҳои камбизоат дар пойтахт системаи захираи молиявӣ барои сохтмони манзили дастрас амалӣ гашта истода бошад ҳам, ҷорӣ намудани системаи васеи ипотекии қарздиҳӣ зарур мебошад.

Барои рушди соҳаи сохтмони манзил дастгирии давлатӣ, аз қабили сохтмони манзили хизматӣ аз тарафи вазорату идора ва корхонаву муассисаҳо, мутаассифона, мушоҳида намешавад», - қайд намуд З. Муҳуддинов.

Пиромуни масъалаи якуми рўзнома чанде аз вакилон ва роҳбарони иддае аз ширкату идораҳои сохтмонӣ сухан ронда, барои иҷрои корҳои минбаъда пешниҳодҳои мушаххас ироа доштанд.

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бобати нақшаи кулли пойтахт ва иҷрои корҳо дар ин самт ҳарф зада, ба чанде аз ширкатҳои сохтмонии дохилӣ ва хориҷии дар пойтахт буда супориш дод, ки, дар баробари сохтани меҳмонхонаҳо, ба бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ низ шурўъ кунанд. «Зеро бо сохтани хонаҳои пастошёна ин проблемаро ҳал кардан амри маҳол аст»,-изҳор намуд ў.

Масъалаҳои дигари рўзнома низ аз ҷониби вакилон ҳаматарафа баррасӣ гардида, аз рўи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Бо ҳамин иҷлосия корашро анҷом дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
1.0
- всего оценок (1)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

05.1220:22Чего ожидает Душанбе от нового лидера Узбекистана?
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов
05.1216:04Заветная мечта паренька из глубинки. ВИДЕО
05.1216:01Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев обсудили перспективы таджикско-узбекских отношений
05.1215:30Какова же реальная длина Великой Китайской стены?


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156250