Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.07.200722:59

Машварат дар ҳузури Сарвари давлат оид ба масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвар

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои марбута ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.

          Дар машварат масоили татбиқи амалии лоиҳаҳои инвеститсионӣ, омодагӣ ба зимистон, ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи хоҷагии халқи мамлакат, барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардид.

           Оид ба мавзӯъҳои мазкур гузориши Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, Вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гулов, Раиси Ширкати саҳомию холдингии «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев ва дигар шахсони дахлдор шунида шуд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба масоили вобаста ба бунёди нерӯгоҳҳои обии барқии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, қитъаи Шоҳон – Зиѓари роҳи Кӯлоб-қалъаи Хумб  ва азнавсозию сохтмони дигар роҳу пулҳо, азхудкунии заминҳои бекорхобида ва татбиқи дигар лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҷалб карда шуд.

           Дар мавриди нерӯгоҳи обии барқии Рогун  бошад, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки идомаи сохтмони он то охири ҳамин сол бояд бо имкониятҳои дохилии Тоҷикистон оѓоз карда шавад. Барои амалӣ намудани ин тадбири ҳаётан муҳим Сарвари давлат Эмомалӣ Ра?мон ба масъулини дахлдор дастур дод, ки тамоми мутахассисони баландпояи дорои таҷрибаи кор дар ин ва дигар иншооти гидроэнергетикӣ ба Роѓун ҷалб ва сафарбар карда шаванд.

         Оид ба масъалаи омодагӣ ба зимистон масъулини дахлдор гузориш доданд, ки баҳри истеҳсол ва захираи ангишт, ворид намудани гази моеъ ва кушодани нуқтаҳои фурӯши ин навъҳои маводи сӯхт ва ҳамчунин захираи мазут корҳои назаррас ба анҷом расидаанд. Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 ҳазор тонна зиёд ангишт истеҳсол карда шуда, 160 нуқтаи фурӯши он дар ҷумҳурӣ то имрӯз  кушода шуд. Гази моеъ бошад, дар ҳамин давра 9 ҳазор тонна ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда, нуқтаҳои фурӯши он нисбат ба соли гузашта ду маротиба зиёд гардид. Тибқи иттилои онҳо, воридоти мазут то охири моҳи август ба 30 ҳазор тонна хоҳад расид.

          Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастур дод, ки баҳри бештар захира намудани ангишт, гази моеъ, мазут, кушодани нуқтаҳои нави фурӯши ангишту гази моеъ, ба кор даровардани корхонаҳои гармидиҳӣ ва ҷамъоварии саривақтии маблаѓҳои истифодабарии барқ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Таъкид гардид, ки ба масъалаи захира намудани ангишт барои муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин баҳри ҷамъбасти ҳамаҷонибаи натиҷаҳои шашмоҳаи фаъолияти хоҷагии халқи кишвар, ба кор даровардани иқтидорҳои мавҷудаи корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, афзун намудани ҷойҳои нави корӣ, тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқат ва оид ба дигар масъалаҳои муҳим ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххасу қатъӣ дод. 

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента
04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0230219