Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.07.200723:01

Нишасти матбуотии ноиби сарвазири

Душанбе, 10 июл. (Муқаддас Кушакова, АМИТ «Ховар»). - «Ман дар оғози сӯҳбатамон бо Президент Эмомалӣ Раҳмон ба вай аз натиҷаи дидор аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва НБО Роғун нақл кардам. Ба Сарвари давлат хабар додам, ки мо чунин иттилооти намояндагони роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии «Системаи ягонаи энергетикии Русия»-ро гирифтем, ки агрегати якуми НБО «Сангтӯда-1» дар охири соли равон ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин масъалаи аз нав давом додани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун муфассал баррасӣ карда шуд». Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Сергей Наришкин баъди мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 июл баргузор гардид, дар ин бора ба журналистон нақл намуд.

Ноиби Сарвазири Русия ба мавзӯъҳои дигари мулоқот дахл намуда, чунин гуфт:

«Мо бо Президент ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои дигари ҳамкории дуҷониба ва ҳамкории мутақобилаи мамлакатҳоямонро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия ва ИДМ баррасӣ намудем. Ман ба Эмомалӣ Раҳмон аз суръати иҷрои кор ҷиҳати ташаккули Иттиҳоди гумрукии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия ва оғози кори Бонки рушди ЕврАзия хабар додам. Қайд карда шуд, ки иштироки Тоҷикистон дар ин сохтор барои ҷумҳурӣ хеле ҷолиб аст, зеро он барои маблағгузории лоиҳаҳои инфраструктурӣ, аз ҷумла, дар бахши энергетика, маблағҳои зиёде дорад. Бинобарин дар фаъолияти бонки мазкур ширкат намудани Тоҷикистон имконияти аз ҳисоби бонк маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳоеро, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ дар амал татбиқ карда мешаванд, бештар менамояд».

Дар хотима Сергей Наришкин қайд намуд, ки Русия ба иштирок дар татбиқи ҳамаи лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ манфиатдор аст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0520:06Крепкие рукопожатия: Трамп и Рахмон померились силами(1)
24.0518:48Петр Ивашкевич: Польша не считает таджикских беженцев террористами
24.0517:38Совет глав органов безопасности СНГ открылся в Бишкеке
24.0514:40СМИ нашли политика, "победившего" Трампа в рукопожатии
24.0514:04Глава Агентства опроверг сообщения о «несметных богатствах» арестованных экс-антикоррупционеров(1)


Самое обсуждаемое

23.0517:54Названо имя исполнителя теракта в Манчестере(1)
24.0520:06Крепкие рукопожатия: Трамп и Рахмон померились силами(1)
24.0510:03“Бойкот” по-шахритусски. Родных боевиков ИГ хотят выселить из района(1)
24.0514:04Глава Агентства опроверг сообщения о «несметных богатствах» арестованных экс-антикоррупционеров(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468834