Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.07.200722:59

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвазири нави Британияи кабирро табрик намуд

          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4 июл ба унвони сарвазири Шоҳигарии муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Ҷеймс Гордон Браун ба муносибати ба ин вазифа интихоб шуданаш барқияи шодбош фиристод. Дар барқия, аз ҷумла, гуфта мешавад:

         «Ҷаноби аълоҳазрат, Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба мансаби олии сарвазири Шоҳигарии муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ табрик менамоям.

          Тоҷикистон ба муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарокату ҳамкорӣ бо Британияи Кабир, ки соҳаҳои гуногунро дар бар мегиранд, баҳои баланд медиҳад. Мо ба рушди устувор ва вусъати муносибатҳоямон манфиатдор мебошем. Азми қавӣ дорем, ки муносибатҳо ва ҳамкории кишварҳоямонро барои амалӣ сохтани идеалҳои сулҳу субот ва пешрафт минбаъд ҳам мустаҳкамтар ва васеътар гардонем.

Аминам, ки ҳамкории ҳамаҷонибаю серсоҳаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар асоси меъёрҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми ҳамдигар ва бо назардошти манфиатҳои давлатҳоямон боз ҳам бештар густариш хоҳад ёфт.

Ҷаноби сарвазир, лутфан иҷозат фармоед, ба Шумо саломатӣ, барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти мамлакататон сулҳу осоиш ва рӯзгори фараҳмандона орзу намоям».

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

тарҷумаи АМИТ «Ховар»

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

28.0212:29Антимонопольная служба Таджикистана разъяснила ситуацию с платежными терминалами
28.0212:00Эмомали Рахмон и Владимир Путин провели дружественную беседу
28.0211:07Предложение от Tcell и Tele2: звоните в Таджикистан в два раза дешевле
28.0211:01Таджикистан и Россия начнут сотрудничать в области мирного атома
28.0210:42Спасатели вытащили из Сирдарьи женщину, пытавшуюся совершить самоубийство


Самое обсуждаемое

24.0207:00Ташкент объяснил – почему отказался принять рейс из Душанбе(7)
25.0211:12Школ мало, детей много: дальше тотальная безграмотность?(4)
27.0213:28Первый авиарейс по маршруту Ташкент-Душанбе состоится в апреле(4)
27.0217:37Совместное заявление президентов Таджикистана и России(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156263