Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

13.07.200716:01

Маҷлиси ҳайати мушовараи вазорат

Душанбе. 13. 07. 2007 с. (Ибодат Давлатова, АМИТ «Ховар»). – 13 июли соли равон дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар он фаъолияти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он дар нимаи аввали соли 2007 ҷамъбаст шуд.

Мухбири АМИТ «Ховар» иттилооъ медиҳад, ки дар маҷлис вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, сардорони раёсатҳо ва роҳбарони агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ иштирок намуданд.

Дар маҷлис қайд гардид, ки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи иҷтимоӣ ва ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола роҳи ислоҳоти куллиро пеш гирифтааст. Дар робита мураттаб сохтани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, омўзишу таҳлили вазъи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маҳалҳо, танзими муносибатҳои меҳнатии кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодии ҷумҳурӣ, такмили системаи ташкил ва пардохти музди меҳнат, ба низом даровардани тартиби имзои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, такмили низоми хизматрасонӣ ба нафақахўрон давом дорад.

Ҳамчунин, дар ин давра лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналхалқии меҳнат дар мавзӯи «Меҳнати сазовор» ва «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва ҳолатҳои дигар, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд», таҳия ва қабул шуданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

20.0116:30В Душанбе изменили маршруты некоторых микроавтобусов
20.0116:01КЧС: на выходные прогнозируется дождь и мокрый снег
20.0114:13Чайхана «Рохат» и театра Лохути не попали в каталог культурных памятников
20.0113:59В Узбекистане могут отменить разрешение на выезд
20.0113:31Давлатзода назвал претензии иностранных дипломатов необоснованными


Самое обсуждаемое

18.0106:31Рустам Эмомали будет управить столицей из Дворца президента(8)
18.0115:40Сказ о том, как после таджикского суда я непатриотом и нетаджиком стал(8)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(8)
19.0117:1345% россиян недовольны положением дел в стране(2)
18.0112:16У женщин нет души — утверждают ханжи(2)
19.0121:33Таджикистан ищет альтернативные маршруты для трудовой миграции(1)
20.0112:16«Памир Энерджи» не стала вводить дополнительный энерголимит в ГБАО(1)
19.0109:59В Таджикистане погиб начальник Генштаба(1)
19.0115:46В Душанбе увековечили память Сухроба Шарипова(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156266