Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

24.07.200716:33

Судяҳо Қонуни танзими ҷашну маросимҳоро бояд қатъан риоя намоянд

           Душанбе, 24.07.2007. (Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»).- Дар асоси иловаи ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» вориднамуда судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозхонда мешаванд.

Бояд зикр кард, ки қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иҷлосияи дувоздаҳуми палатаи болоии парлумони мамлакат ҷонибдорӣ гардид.

           Мақсади ворид намудани илова ба қонуни зикргардида такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ба қисми якуми моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 15 илова карда шудааст.

Инчунин, дар робита ба амали қонуни зикршуда судяҳои Суди ҳарбӣ, Суди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо, судҳои иқтисодии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар сурати риоя накардани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ аз вазифа озод карда мешаванд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

18.0814:36Президент Узбекистана раскритиковал школьную форму учащихся
18.0814:30Прокурор требует 6 лет для Татьяны Хужиной
18.0814:13Давайте оставим уголь в земле. Иначе жить будем недолго...
18.0812:50Гражданка Таджикистана везла в Екатеринбург 21 кг бус и платков. Ее задержали
18.0811:56В Багдадском приюте найдена девочка, предположительно таджичка


Самое обсуждаемое

16.0819:11"Я согласна снимать хиджаб, если..."(6)
17.0819:24Фильм о поддержке Ираном террористов в Таджикистане перевели на четыре языка(3)
16.0816:27«Андешаи пок»: уникальная школа для первоклашек(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156294