Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

25.07.200709:49

Дар Шаҳристон ба боғу токпарварӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад

          Шаҳристон, 25 июл. ( С.Махкамов , АМИТ «Ховар»).-Дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳристон масъалаи барқарор кардан ва тараққӣ додани соҳаи боғу токпарварӣ дар давраи солҳои 2007-2010 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муовини аввали раиси ноҳия У.Ёқубов зикр кард, ки то соли 2010 бояд истеҳсоли мева ба 5008 тонна расонда шавад. Инчунин, дар ҳудуди ноҳия ва хоҷагиҳои он 59 гектар боғ барқарор карда , 28 гектар боғи нав бунёд намуда, 23,6 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда шинонда, истеҳсоли ангур хеле зиёд карда мешавад.

У.Ёқубов афзуд , ки ҳоло дар ноҳия 858 гектар боғи дарахтони мевадиҳанда, 85 гектар боғи кӯҳна, 20 гектар токзор , 4 гектар замин барои парвариши ниҳол , 17 гектар зардолузор , як гектар чормағззор ва 42 гектар боғи нав мавҷуд аст. Қайд карда шуд, ки имрӯз аз боғҳои мавҷуда ҳосили дилхоҳ гирифта намешавад. Хоҷагиҳо қарор додаанд, ки минбаъд олимону мутахассисони соҳаро ба кор ҷалб намуда, ҳосили фаровони мева ба даст оранд. Дар оянда тамоми корҳои соҳа мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда мешавад. Бо ҳамин роҳ қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи амалӣ сохтани барномаи барқарорсозӣ ва рушди дстувори соҳаи боғу токпарварӣ дар ноҳияи Шаҳристон иҷро карда хоҳад шуд, гуфт муовини аввали раиси ноҳия.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен
03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина
03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000
03.1210:03Путин призвал упростить получение гражданства РФ для выходцев из бывшего СССР


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
01.1217:52Земан и Рахмон не стали общаться с журналистами(2)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156298