Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.08.200712:53

Ҷамоаи журналистони Тоҷикистон аз кушодани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба журналистон изҳори нигаронӣ менамояд

Душанбе, 14 август. (Назаралӣ Пирназаров, АМИТ «Ховар»). Ҷамоаи журналистони Тоҷикистон аз кушодани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Овоза» Сайида Қурбонова ва хабарнигорони Маркази тафтишоти журналистӣ Муҳайё Нозимова ва Фарангис Набиева дар ташвиш аст.

Тавре дар нусхаи дастраси АМИТ «Ховар» гардидаи изҳорот иттиллоъ дода мешавад, прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи амали вобаста ба интишори мақолаи «Райҳона пи-пи-пи Афғонистон» (рӯзномаи «Овоза», № 25 аз 21 июни соли 2007) парвандаи ҷиноӣ кушодааст.

«Ба фикри коршиносони Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон ва Маркази журналистикаи экстремалӣ (Маскав), кушодани парвандаи ҷиноӣ, пеш аз ҳама, барои он беасос аст, ки фикри мустаоре мавриди ихтилофот қарор гирифт, ки дар форуми сайти www.mynet.tjҷойгир карда шудааст», - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Дар изҳорот зикр карда мешавад, ки кушодани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба намояндагони ВАО боиси таваҷҷӯҳи зиёде ба проблемаи озодии сухан дар Тоҷикистон гардида, ба обрӯи мамлакат дар ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад.

«Мо хоҳиш мекунем, ки парвандаи ҷиноӣ нисбат ба журналистон пӯшида ва ба таъқибашон аз рӯи он хотима бахшида шавад»,- зикр карда мешавад дар ҳуҷҷат, ки онро роҳбарони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон, Маркази журналистикаи экстремалӣ, Бунёди хотира ва ҳифзи ҳуқуқҳои журналистон, Медиа-Алянси Тоҷикистон, Ассосиатсияи журналистон «Ҳамкории иҷтимоӣ», Маркази тафтишоти журналистӣ ба имзо расонидаанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

19.0612:03На севере Таджикистана зафиксирован строительный бум. Столица поотстала
19.0611:11Стала известна дата запуска новых автобусов между Таджикистаном и Узбекистаном(1)
19.0609:22Президент провел очередное заседание правительства Таджикистана
19.0608:47«Народный генерал» заявил, что хозяева ПИВТ в 2020 году намерены осуществить переворот в Таджикистане
19.0608:06Житель района Хамадони подозревается в жестоком убийстве жены


Самое обсуждаемое

18.0616:50В Худжанде за пытки судят офицера госбезопасности и сотрудника милиции(1)
19.0608:03«ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» объявил о новом снижении ставок по всем кредитам(1)
18.0617:34Сбивший людей в центре Москвы таксист из Кыргызстана извинился за случившееся: он не выспался(1)
19.0611:11Стала известна дата запуска новых автобусов между Таджикистаном и Узбекистаном(1)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312557