Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

31.08.200715:42

Қотили чор духтарро якумра аз озодӣ маҳрум сохтанд

Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). - 30 августи соли 2007 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кушандаи 4 нафар духтарони тоҷик - Мадина Арипова, Сабина Тураева, Манижа Остонаева ва Мавзуна Самиева - шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шералӣ Эргашев тибқи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукм бароварда, ӯро якумра аз озодӣ маҳрум сохт. 

Судя Юсуф Салимов дар толори судӣ зикр кард, ки Шералӣ Эргашев соли 2002 барои куштор ва таҷовуз ба номуси хоҳари угайи худ, тибқи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба муддати 20 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда буд. Ӯ соли 2005 аз муассисаи ислоҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гӯрехта, бидуни ҳуҷҷатҳои расмӣ сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро хилофи қонун убур намуда, аввал дар ноҳияи Турсунзода, сипас, дар шаҳри Душанбе пинҳон шуда, дар яке аз нонпазхонаҳои пойтахт ба ҳайси нонпаз кор мекунад.

Тавре дар ҷараёни тафтишот маълум гардид, тайи ду сол Шералӣ Эргашев худро ба ҳайси корманди корхонаи хоҷагии манзилӣ муаррифӣ намуда, вориди ҳуҷраи духтарони дар хона танҳобуда мегардид. Ӯ мақтули аввалини худ Мадина Ариповаро бо корд зада кушта, пулу мол ва ашёи қиматбаҳои хонаи ӯро гирифта, ғайб мезанад. Баъд ӯ дар вақтҳои гуногун Сабина Тураева, Манижа Остонаева ва Мавзуна Самиеваи ноболиғро низ бо ҳамин усул кушта, чизу чораи хонаҳоро ба яғмо мебарад.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноии судшаванда Шералӣ Эргашевро тибқи моддаи 104, қисми 2, бандҳои б, и, л, д (одамкушӣ), 249 қисми 4, бандҳои а, б (роҳзанӣ), 138 қисми 3, бандҳои б, г, д (таҷовуз ба номус), 32 қисми 3, 138 қисми 5, бандҳои б, г, д (сӯиқасд ба таҷовуз ва номус) ва 335 қисми 1 (ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатӣ) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст намуда, ӯро якумра аз озодӣ (бо мусодираи амвол) маҳрум сохт.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

20.0411:40Уголовное дело в отношении таджикского олигарха Джамшеда Абдулова прекращено
20.0410:50Источник: Бахтиёра Додохонова и его семью сначала ограбили, а потом отравили
20.0410:23В Худжанде студент сбил насмерть двух женщин
20.0410:08Рогун – панацея для Нурека. Таджикистан получит средства для изучения проблемы заиливания Нурекской ГЭС
20.0409:50Налоговый комитет Таджикистана подтвердил, что сотовые операторы несут огромные убытки


Самое обсуждаемое

19.0410:23Почему Служба связи хочет взять под контроль WiFi?(1)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468815