Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

12.09.200700:19

Эмомалӣ Раҳмон аз шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки ба вай «Хизмати хирсона» накунанд

Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сайидо Назаров). – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шабакаҳои телевизиони давлатии мамлакат хоҳиш намуд, ки аз иқтибосҳои зиёдатию бемаврид бо истинод ба Сарвари давлат худдорӣ намоянд. Президент ин амалро «расонидани хизмати хирсона» шахсан ба вай маънидод кард.

Эмомалӣ Раҳмон 5 сентябр дар ҷараёни сӯҳбат бо кормандони Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар маросими гузоштани хишти аввали сохтмони бинои истиқоматии кормандони кумитаи мазкур ҳамин суханонро иброз дошт.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони шабакаҳои телевизионӣ бояд таҷрибаи ҳамкасбони араби худро, ки дар шабакаи дар ҷаҳон машҳури «Ал-Ҷазира» кор мекунанд, омӯзанд. «Ҳангоми таҳияи мавод барои шабакаи телевизион бояд ба масъалаи фаврият, саҳеҳият ва таҳлили воқеаҳо таваҷҷӯҳи хоса дода шавад, чунон ки журналистони Қатар ин корро моҳирона баҷо меоранд»,- зикр намуд Эмомалӣ Раҳмон.

«Ал-Ҷазира», ки тарҷумааш аз забони арабӣ маънои «нимҷазира»-ро дорад, - иборат аз шабакаи моҳвораи телевизионист, ки ҳар шабонарӯз барномаҳоро ба забони арабӣ пахш мекунад. Қароргоҳи шабака дар пойтахти Қатар шаҳри Доха воқеъ аст. Барномаҳои онро қариб 35 миллион кас тамошо мекунад. Ин шабака дар 31 мамлакати ҷаҳон бунгоҳҳои худро дорад. Барномаи он иборат аз ахбор, маводи таҳлилӣ, ток-шоу ва филмҳои мустанад мебошад. Барномаи аввали шабакаи телевизион 7 ноябри соли 1996 пахш гардида буд.

Бино ба маълумоти воситаҳои ахбори оммавӣ, амири Қатар амир Ҳамад бинни Халифа ал-Сони, ки кӯшиш менамояд, аз ҷумлаи ҳамаи ҳокимони кишварҳои араб шӯҳрати шахси маърифатноктаринро нигоҳ дорад, ин шабакаи телевизиониро на фақат саховатмандона маблағгузорӣ (аз 30 миллион доллар дар як сол) менамояд, балки истиқлолияти таҳририи онро ҳам кафолат медиҳад, ки ин ба аксарияти мамлакатҳои араб хос нест.

Шабакаи мазкур аз худи оғози таъсис ёфтанаш ба вазорати иттилооти Қатар (баъдтар он тамоман барҳам дода шуд) итоат намекард, ҳукуматдорони мамлакат дар навьати худ дахолат накарданро ба сиёсати таҳририи ширкат расман иброз медоранд. Вазорати корҳои хориҷии Қатар зикр менамояд, ки дар давраи мавҷудияташ дар робита бо барномаҳои «Ал-Ҷазира» беш аз 400 нотаи расмии эътирозӣ гирифтааст.

Ин шабака, асосан, баъди воқеаҳои 11 сентябр дар ИМА берун аз ҳудуди Шарқи Наздик машҳур гардид. Гуфта мешавад, ки ин аз бисёр ҷиҳат хизмати як шахс – мудири бунгоҳи хабарнигорӣ дар шаҳри Кобул Тайсир Ал-Лунии суриягӣ мебошад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

07.1219:56Дилфуза - гроза чиновников вышла на свободу
07.1218:18Похитители требовали за освобождение подростка 100 тысяч долларов
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию
07.1214:14В Таджикистане через пять часов после похищения освобожден ребенок
07.1213:31НБТ связывает низкий уровень доверия к банкам с их недостаточной прозрачностью


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(5)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312498