Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

12.09.200711:19

Машварати ҷумҳуриявии пахтакорон

Спитамен, 12 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова ).- Дар хоҷагии ба номи Турсун Улҷабоеви ноҳияи Спитамен машварати ҷумҳуриявии мутахассисони соҳаи пахтакорӣ баргузор гардид.

Дар он раиси Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ Толиб Набиев, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сардори давлат , мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд , олимони соҳаи пахтакорӣ корхонаҳои муштарак ва созмонҳои байналхалқӣ иштирок намуданд.

Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни машварат дар масъалаи ба даст овардани ҳосили фаровони пахта дар шароити иқлими қисмати шимолии мамлакат табодули назар намуданд. Онҳо инчунин дар хоҷагии мазкур бо 17 навъи пахта шинос гардиданд, ки дар хоҷагиҳои вилояти Суғд парвариш карда мешаванд. Бояд гуфт, ки чигити баъзе навъҳои пахта аз Туркия, Австралия , Булғористон ва мамлакатҳои дигар оварда шудаанд. Хусусияти парвариш ва ҳосилнокии онҳо аз ҳамдигар фарқи калон дорад.

Муовини аввали сардори раёсати кишоварзии вилояти Суғд Рустамҷон Раҳимов зикр намуд, ки алҳол дар бораи афзалияти парвариши ин ё он навъи пахта дар шароити вилояти Суғд сухан рондан ҳанӯз барвақт аст. Барои ин хулосаи мутахассисони соҳаи тухмипарварӣ зарур мебошад. Вай зикр кард, ки соли 2006 дар вилояти Суғд аз ҳар гектар пахтазор 17,4 сентнерӣ ҳосил гирифта шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.0708:39Пассажир авиарейса Душанбе-Москва пытался пронести в самолет 2,5 млн. российских рублей
21.0716:47Три сотрудника МВД уволились, не захотев отказываться от российского гражданства
21.0715:22Будь в тренде! Так может выглядеть каждая таджичка(2)
21.0714:13МВД Таджикистана уволило 20 милиционеров «тяжеловесов»
21.0713:55«Часы Путина» ушли с молотка за миллион евро(1)


Самое обсуждаемое

19.0713:41Россия экстрадировала в Таджикистан дезертира(2)
21.0711:18Минкультуры разрабатывает образцы исконно таджикской одежды(2)
21.0715:22Будь в тренде! Так может выглядеть каждая таджичка(2)
20.0718:52В Таджикистане пожаловались на резкое снижение трудовой миграции(1)
21.0713:55«Часы Путина» ушли с молотка за миллион евро(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312573