Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

12.09.200700:19

Ташрифи расмии Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон

            Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Назаралӣ Пирназаров). – Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 12 сентябр ба Тоҷикистон расман ташриф меорад.

Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масъалаҳои вазъияти имрӯза ва нақшаҳои ояндаи муносибатҳои ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Онҳо роҷеъ ба вазъияти минтақа, ислоҳоти сохторҳои ИДМ, вусъати ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, Ҷомеаи иқтисодии Евразия, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ғайра табодули назар хоҳанд кард. Пешбинӣ карда мешавад, ки дар фарҷоми мулоқоти сарони ҳар ду давлат маҷмӯи ҳуҷҷатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои гуногун имзо карда мешавад.

Зикр карда мешавад, сафари мазкур ба муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон нерӯи тоза хоҳад бахшид. Муносибатҳои ҳар ду кишвар аз моҳи январи соли 1993 баъди муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ сол то сол вусъат меёбад. «Тоҷикистон барои бунёди таҳкурсии мустаҳаками ҳамкорӣ бо Қазоқистон дар асоси принсипҳои манфиати тарафайн ва ҳимояи манфиатҳои дуҷониба аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад. Дар ин бобат аз рӯи проблемаҳои муҳимтарини минтақавию байналхалқӣ ба масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мунтазам маслиҳату машварат карда мешавад», - зикр карданд дар вазорати корҳои хориҷӣ.

Аз соли 1993 то соли 2002 дар байни Тоҷикистону Қазоқистон бештар аз 50 ҳуҷҷати ҳамкорӣ имзо шудааст. Онҳо ба соҳаҳои муҳимтарини ҳамкорӣ, аз ҷумла, соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, андоз, фаъолияти бонкҳо ва гумрук дахл доранд.

Айни ҳол кӯшишҳои Тоҷикистону Қазоқистон ба таҳкими амният ва суботи вазъияти минтақа ва мусоидат ба ҳамгироии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ равона карда шудаанд. Мавқеи ҳар ду мамлакат дар бораи аксарияти проблемаҳои минтақавию байналхалқӣ мувофиқ мебошанд. Ҷараёни рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон нишон медиҳад, ки ҳар ду мамлакат ба равнақу ривоҷи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсату тиҷорат, иқтисодиёт ва соҳаҳои дигар манфиатдор мебошанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.0711:15В Согде мужчина избавился от беременной возлюбленной: задушил, сжег, закопал
22.0711:00Бюльбюль-оглы в Таджикистане
22.0710:06Двое жителей Истаравшана подозреваются в спланированном убийстве
22.0708:39Пассажир авиарейса Душанбе-Москва пытался пронести в самолет 2,5 млн. российских рублей(1)


Самое обсуждаемое

21.0715:22Будь в тренде! Так может выглядеть каждая таджичка(3)
19.0713:41Россия экстрадировала в Таджикистан дезертира(2)
21.0711:18Минкультуры разрабатывает образцы исконно таджикской одежды(2)
21.0713:55«Часы Путина» ушли с молотка за миллион евро(2)
21.0713:45В Таджикистане запретят фото- и видеосъёмку ЧП и стихийных бедствий(1)
20.0718:52В Таджикистане пожаловались на резкое снижение трудовой миграции(1)
22.0709:37При авиаударе США погибли 15 афганских военных(1)
21.0716:47Три сотрудника МВД уволились, не захотев отказываться от российского гражданства(1)
22.0708:39Пассажир авиарейса Душанбе-Москва пытался пронести в самолет 2,5 млн. российских рублей(1)
22.0711:11Рахмон поздравил новоизбранного президента Индии(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.5469128