Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

18.09.200713:48

Мулоқоти дуюми вакилони парлумонҳои Тоҷикистон ва Русия

Маскав. 18 сентябр, (АМИТ «Ховар», Анвар Юсуфов).- Дар шаҳри Маскав мулоқоти дуюми вакилони парлумонҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон таҳти унвони «Имкониятҳои ҳамкории минтақаҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушода шуд. Дар маросими кушодашавии он раиси Шӯрои Федератсия Сергей Миронов сухан кард. Вай меҳмонони Тоҷикистонро хайра мақдам гуфта, зикр намуд, ки чунин мулоқотҳо мунтазам гузаронида мешаванд ва ба воситаи ҳамкории самарабахши парлумонҳо ва минтақаҳои ҳар ду кишвар табдил ёфтаанд.

Дар ин мулоқотҳо маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкории кишварҳоямон муҳокима карда, роҳи ҳалли проблемаҳои мавҷуда ёфта мешаванд, гуфт С.Миронов.

Раиси Шӯрои Федератсия зикр намуд, ки муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон дар бобати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва муносибатҳои давлатҳо ва халқҳо дар давраи баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ намунаи равшан ва қобили пайравӣ мебошад. Ба шарофати чунин ҳамкорӣ сулҳу суботи ҳар ду кишвар мустаҳкамтар гардонда, барои таъмини амнияти Осиёи Марказӣ на танҳо ба манфиати Русия ва Тоҷикистон, балки ба манфиати халқҳои минтақа ва ҷаҳон тадбирҳо андешида мешаванд.

            Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор намуд, ки ҳадафи муносибатҳо ва ҳамкории палатаҳои болои парлумонҳои ҳар ду кишвар пеш аз ҳама ҳимояи манфиатҳои минтақаҳои ҳар ду мамлакат мебошад. Мавсуф афзуд, ки ба роҳ андохтани ҳамкории минтақаҳои ҳар ду мамлакат имконияти ҳанӯз истифоданашудаи Русия ва Тоҷикистон мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи мулоқот раиси шаҳри Маскав Юрий Лужков, директори хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский ва иштирокчиёни дигари он сухан карданд. Дар фарҷоми мулоқот ҳуҷҷатҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии Маскаву Душанбе, инчунин кишвари Олтой ва вилояти Иваново бо вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуданд.

Имрӯз дар Маркази намоишгоҳҳои саросари Русия намоиш ва ярмаркаи маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

21.0217:32"Я не Толстой и не Солженицын"... Глава Минобрнауки РТ ответил на критику в соцсетях. ВИДЕО
21.0212:42Глава «Барки точик» ответил на жалобы потребителей по ценам на потребление электроэнергии
21.0212:37Э.Рахмон сдал в эксплуатацию жилой дом для 200 семей госслужащих
21.0211:23На узбекско-таджикской границе разрушили «Каримовскую стену»
21.0210:51Президент открыл в военном институте новый учебный корпус авиационного факультета


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468787