Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

03.09.200716:44

Конфронси Байналмилалӣ - «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо»

             Душанбе, 3 сентябр (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 90 нафар донишмандону муҳаққиқон ва мавлавишиносони 28 давлати ҷаҳон, аз ҷумла, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Индонезия, Бангладеш, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб, Туркия, Ҷопон, Озарбойҷон, Русия, ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Украина, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ғайра ҷиҳати иштирок дар конфронси байналмилалӣ, ки ба ифтихори 800-солагии яке аз бузургтарин мутафаккирони тоҷику форс- Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ доир мегардад, ба пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе- меоянд. Дар ин бора ба хабарнигорон президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов дар нишасти матбуотӣ, ки дар Маркази «Вафо»-и пойтахт доир шуд, хабар дод.

Конфронси байналмилалӣ 7-9 сентябри соли равон таҳти унвони «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ҳадафи конфронс таҳқиқу баррасии осори оламшумули Мавлоно ва пешниҳоди афкори таҳаммулпазирӣ ва ҳусни тафоҳуми шоир ҷиҳати таҳкими ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон аст.

Конфронси байналмилалӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар назар аст, ки дар ҷаласаи ифтитоҳии он Сарвари давлати Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ менамояд. Ҳамзамон сарпараст ва созмондиҳандагони ин ҳамоиши байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпояи муколамаи «АвроОсиё» (Туркия) ва Ҷамъияти таълимии «Шалола» мебошанд.

Мамадшо Илолов ҳамчунин гуфт, ки дар конфронси байналмилалӣ шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг, сиёсатмадорони шинохта, аз қабили директори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Русия Ростислав Рибаков, раиси Академияи улуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулборӣ Рошид, дабири Шӯрои Олии эрониёни хориҷ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, профессор Алиасғар Шердӯст, президенти академяи илмҳои Бангладеш, профессор Шамшер Алӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон доктор Қонибек Усмоналиев, нависанда ва сиёсатмадори машҳур Чингиз Ойтматов иштирок менамоянд.

Бахшида ба 800-солагии шоир ва файласуфи бузурги Шарқ Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ду ҷилди «Девони кабир»-и ӯ, китоби «Фалсафаи Ҷалолиддини Румӣ» ба забони русӣ ва осори мунтахаби Ҷалолиддини Румӣ ба забонҳои тоҷикию русӣ нашр гардиданд.

          Барномаи конфронси байналмилалии «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» аз 6 ҷаласа иборат буда, дар он 17 маърӯза шунида мешавад. Аз ҷумла, донишмандони тоҷик Озода Расул, Нодир Одилов ва Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ маърӯза менамоянд. Дар доираи баргузории конфронси байналмилалӣ осори Мавлоно ва асарҳои тадқиқотии олимон оид ба Мавлоно ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва туркӣ дар шакли китоб нашр мешаванд.

Иштирокдорони конфронс аз шаҳри Қӯрғонтеппа боздид намуда, дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашни 16-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат менамоянд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

20.1018:13Шох Искандаров: "Нас оклеветали"
20.1013:40Шведские археологи нашли надпись «Аллах» на одеяниях викингов X века
20.1012:23Шавкат Мирзиёев: Мы открыты к еще большему углублению партнерства с Таджикистаном(1)
20.1011:30«Умед-88» в полной опале. Владельцы компании исчезли(1)
20.1010:20Таджикские телеканалы переедут в «Душанбе Плаза»(1)


Самое обсуждаемое

18.1017:05В Худжанде известного кардиохирурга обвиняют в связях с салафитами(2)
18.1016:00В Китае представлен “гигантский рис” высотой в два метра(1)
18.1014:40В Таджикистане поставили на учет всех геев и лесбиянок(1)
20.1010:20Таджикские телеканалы переедут в «Душанбе Плаза»(1)
20.1008:53В аэропорту Худжанда пресечена контрабанда свыше 1 млн. российских рублей(1)
19.1009:38В Согде жестоко убита супружеская чета предпринимателей(1)
19.1009:06Количество задержек вылетов в аэропорту Душанбе увеличилось на 28,5%(1)
19.1007:08Декан факультета одного из вузов Таджикистана задержан при получении взятки(1)
18.1017:19Внуки Джаббора Расулова намерены подать в суд на мэрию Душанбе(1)
19.1015:20С «синими» загранпаспортами с продленным сроком уже нельзя выехать в ряд стран(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312529