Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

15.02.200812:12

2-«Fitch Ratings» - бозори бонкии Тоҷикистонро меомӯзад

Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар бинои асосии ҶСК «Ориёнбонк» вохӯрии роҳбарияти бонк ва роҳбарони сохторҳои дахлдор бо директори калон оиди тараққиёти бизнес ва маркетинги Оҷонсии байналхалқии рейтингҳо «Fitch Ratings» - Алексей Миронов баргузор гардид. Оҷонсии мазкур бо номгӯи васеи эмитентҳои Русия ва давлатҳои муштаракулманофеъ зиёда аз 14 сол ҳамкорӣ намуда, ба онҳо дар қисматҳои мустақил, корпоративӣ, бонкӣ, дар қисмати молияи минтақавӣ, инчунин қисмати маблағгузории сохторӣ рейтингҳоро муқаррар менамояд.

Дар бонки мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ тарафайн масъалаҳои муҳими зеринро оид ба муқаррарнамоии рейтингҳо ва пешниҳоди баҳои аниқи қобилияти қарздиҳии бонк баррасӣ намуданд: бартарияти рейтинги бонкӣ ва аз ҷониби «Fitch Ratings» гузаронидани он; ҳуҷҷатҳое, ки барои аз маросими гузаронидани рейтинг заруранд,инчунин мӯҳлати амалнамоии рейтинг.

Айни ҳол «Fitch Ratings», чун оҷонсии глобалии рейтингӣ, бозор ва низоми бонкии Тоҷикистонро баҳри муқаррарнамоии рейтингҳо, пешниҳоди баҳои саривақтӣ ва аниқи қобилияти қарздиҳии эмитентҳо ва ба роҳ гузоштани муносибатҳои ҳамкорӣ меомӯзад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.0819:45Бренд “Made in Uzbekistan” завоевывает таджикский рынок
22.0817:25В Таджикистан приедут 30 учителей из России(3)
22.0812:46Тайсон с Матвеевской. Подробно о нападении на мигранта, которому чуть не откусили ухо
22.0812:21Суд намерен конфисковать магазин супруги Бузургмехра Ёрова
22.0811:38Продаем арбузы. Дорого! 100 долларов за штуку…(1)


Самое обсуждаемое

19.0809:43МИД России: "Надеемся на снисхождение суда к Татьяне Хужиной". ВИДЕО(3)
22.0817:25В Таджикистан приедут 30 учителей из России(3)
21.0810:35Антикоррупционное ведомство просит назвать имена коррупционеров(1)
21.0808:06В Душанбе созывается 12-я сессия верхней палаты парламента Таджикистана(1)
21.0816:38Татьяну Хужину приговорили к штрафу за контрабанду старинной монеты. ВИДЕО(1)
22.0812:18Давая нам деньги, Китай не нас подкупает, а себя защищает(1)
22.0811:38Продаем арбузы. Дорого! 100 долларов за штуку…(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312552