Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

11.03.200812:19

Таҳкими ҳамкориҳо омили рушди СОҲА

 Душанбе,11 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи«Нақш ва мақоми воситаҳои ахбори умум дар инъикоси фаъолияти соҳа» доир гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар он раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов баромад намуда, зикр кард, ки мизи мудаввар бо мақсади густариш додани ҳамкориҳо бо расонаҳои ахбори умум баргузор шуда, дар дарёфти роҳҳои судманди инъикосифаъолияти соҳа мусоидат менамояд.

Инчунин ӯ қайд кард, киаз ибтидои сол Кумита фаъолияти худро дар доираи қонунҳои амалкунандаи соҳа барои таҳкими асосҳоимеъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттилоотии соҳа,татбиқи барномаҳои соҳавӣ, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳайёти солим, баргузории чорабиниҳои фарҳангивуоммавӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ, таъмини ширкати фаъолонаи варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ, рушди соҳаи туризм дар ҷумҳурӣ ва фаъолияти байнисоҳавию байналмилалӣ равона намудааст.

Бо назардошти мавҷуд будани баъзе мушкиливу камбудиҳо, фаъолияти Кумита дар соли 2008 самтҳои такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, танзими бахши туризм таҳлили маркетинги имкониятҳои туристии кишвар, тарғиби захираҳои туристӣ тарбия ва таъмини кадрҳои соҳибихтисос, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва маблағгузории давлатӣ ва ба танзим даровардани системаи омории соҳаро дар бар мегирад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0209:34Ситуация на горных дорогах Таджикистана, — Минтранс
25.0208:30Президент подписал ряд законов(1)
25.0207:53У американки взорвался iPhone 7 Plus
25.0207:21СМИ ГБАО: Миссия пока невыполнима
24.0217:05Как выжить, попав под лавину? Подробная инструкция действий


Самое обсуждаемое

24.0207:00Ташкент объяснил – почему отказался принять рейс из Душанбе(3)
24.0210:15Денежные переводы мигрантов из России равны трети ВВП Таджикистана(2)
04.0114:59Обнародован список имущества проблемных банков Таджикистана(1)
24.0213:38Готовы ли Вашингтон и Лондон отказаться от захваченных территорий?(1)
25.0208:30Президент подписал ряд законов(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312493