Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.03.200808:03

Иштироки Сарвари давлат дар мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ

13-уми марти соли 2008мулоқоти навбатии 11-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ дар маркази шаҳри Дакар – пойтахти Ҷумҳурии Сенегал ба кори худ оғоз намуд.

Дар кори он роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои сершумори кишварҳои аъзо ва нозири Созмон, намояндагони созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ ва меҳмонон аз тамоми гӯшаҳои олам иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки саммити мазкур таҳти унвони «Ислом дар асри 21» ҷараён мегирад ва ҳадафи асосии ин ҳамоиш амалӣ намудани ислоҳоти сохторӣ ва баланд бардоштани самаранокии кори созмон аст.

Масъалаи муҳими дигари мавриди таваҷҷӯҳи ҳамагон ин баррасии масоили доғи минтақаҳои Шарқи наздик ва Миёна ва дарёфти роҳҳои ҳалли одилонаи ин ва дигар мушкилоти мубрами кишварҳои мусулмонӣ аст.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ  қабули Барномаи даҳсолаи амал, Эъломияи Дакар ва умуман 20 қарори муҳими ҳамкорӣ  дар назар аст. Ин санадҳо ба ҳалли масоили мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию башардӯстӣ, иттилоотӣ ва илмию технологӣ равона хоҳанд гашт.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

08.1211:14Президент принял участие в сдаче второй очереди Душанбинской ТЭЦ-2
08.1210:29В семье Дилшода Назарова родился сын
08.1210:02Энергонезависимость в Таджикистане планируют обеспечить к 2025 году
08.1209:09Сборная Таджикистана завоевала 11 золотых медалей на Кубке мира по таэквондо
08.1206:58Спецоперация по освобождению заложника в Турсунзаде. Трое задержаны, один уничтожен


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(5)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(1)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00