Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Боғи нави фарҳангу фароғатии пойтахт дар масоҳати 15 гектар дар соҳили дарёи Душанбе дар ҷои ба ӯ ҳамроҳ шудани дарёчаи Лучоб то кӯчаи Карамов бунёд мегардад. Дар робита раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳатитаҳияи лоиҳаи бунёди Боғи умумишаҳрии фарҳангу фароғатӣ қарор ба имзо расонд, ки тибқи он барои беҳтарин лоиҳаи ангораи Боғ озмун гузаронида мешавад.
Озмун аз 15 март то 25 апрел давом мекунад.
Барои ғолиби лоиҳаи беҳтарини ангораи Боғи мазкур 5 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар карда шудааст.
Дар робита кумитаи ташкили созмон дода шудааст, ки раиси шаҳр М. Убайдуллоев сарварии онро ба ӯҳда дорад. Инчунин муовини соҳавии ӯ З. Муҳиддиновгурӯҳи кориро сарпарастӣ менамояд. Гурӯҳи кори муваззаф гардидааст, ки то охири моҳи март тамоми санадҳои ҳуқуқии иншоотҳое, ки дар ҷои бунёди боғ ва зери нақшаи Генералии шаҳр қарор доранд, мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, чораҳои амалиро татбиқ намояд.
Ҳамзамон, барномаи бунёди Боғ тасдиқ карда шуд, ки тибқи он Боғ бо назардоштиҳудуди истироҳату фароғатбарои кӯдакон ва калонсолон, майдончаи варзишӣ, комплекси обӣ ва фаввораҳо сохта мешавад.
Инчунин композитсияи фаввораҳои об дар ҳудуди Боғи бунёдшаванда, аз ҷумла дар роҳипайвасткунандаиБоғи фарҳангу фароғатии «Пойтахт-80», «Боғӣ ҳайвонот» ва «Боғи ҷавонон» сохта мешаванд.