Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

28.03.200808:09

Амалиёти муштараки идораҳои қудратӣ

Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Баргузории амалиёти муштараки муваффақонаи фаврӣ- ҷустуҷӯӣ ба кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии «Панҷ» ва кормандони милисаи вилояти Хатлон имконият дод, ки боз як амали гузаштани ғайриқонунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гардиши ғайриқонунии моводи нашъаоварро пешгирӣ созанд.

Аз маркази робитаҳои ҷамиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, кидар натиҷаи ин амалиёт аз марзшиканон ба миқдори 25 кг. 240 грамм маводи нашъаовар, аз ҷумла 18 кг. 655 грамм героин, 4 кг. 90 грамм афюн, 2 кг. 435 грамм чарс ва як адад милтиқ мусодира гардид.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ҳамзамон дар робита ба ин мавзӯъ хабар доданд, ки як нафар аз нашъаҷаллоби афғон бо номи Абдулқаҳор валади Абдулғафор бо ҳукми суди ноҳияи Панҷ, дар асоси моддаҳои 200, 335 ва 289 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати 19 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Номбурда қаблан аз тарафи кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон бо 10 килограмм маводи сахттаъсири героин дастгир шуда буд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен
03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина
03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0079967