Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

28.03.200812:09

Мубориза бар зидди паҳншавии малах пурзӯр карда мешавад

 27 март дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Хатлону Суғд оид ба мубориза бо муқобили паҳншавии малах дар хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат машварати корӣ баргузор шуд.

Мувофиқи маълумоти шахсони масъул 10 рӯз мешавад, ки дар ҷумҳурӣ паҳншавии малах мушоҳида гардида, аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ алакай дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 80 ҳазор гектар ин ҳашароти зараррасон паҳн шудааст.

Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов таъкид кард, ки барои муборизаи беамон ба муқобили паҳншавии малах бояд тамоми қувва сафарбар карда шавад.

Саривақт пешгирӣ накардани паҳншавии малах, ки воридшавии он аз давлатҳои ҳамсарҳад ба қайд гирифта шудааст, метавонад ба соҳаи кишоварзии мамлакат зарари барқарорнашаванда ворид кунад, - зикр кард О. Оқилов.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки аз соли гузашта дар мамлакат бо Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди паҳншавии малах» таъсис дода шуда, имсол аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 4,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Дар фарҷоми машварат Оқил Оқилов вазифа гузошт, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳое, ки паҳншавии малах таҳдид мекунад, кори ситодҳои мубориза бар зидди паҳншавии малах, истифодаи техникаву таҷҳизот, маблағ ва заҳрхимикатҳо дуруст ба роҳ монда шаванд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

18.0107:42Совет улемов опровергает сообщение “о споре” на обряде «джаноза» Эшони Абдулкуддуса
18.0106:38Президент проведет итоговое заседание правительства
17.0112:41В Душанбе 18-летнюю девушку спасли от самоубийства
17.0111:25"Алло, я звоню вам из Кундуза". Как афганские женихи находят невест в Таджикистане(2)
17.0111:05И снова суицид. И снова мост. В Душанбе девушка бросилась с моста


Самое обсуждаемое

16.0113:34Лавров призвал США не злоупотреблять партнерством со странами Центральной Азии(3)
17.0111:25"Алло, я звоню вам из Кундуза". Как афганские женихи находят невест в Таджикистане(2)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312576