Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

28.03.200807:09

Пора дар ҳаҷми 20 ҳазор доллар

Дар Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Саидаҳмад Салимов аз 25 майи соли2005 то инҷониб дар вазифаи раиси ҷамъоати деҳоти Испечаки ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш аз ваколатҳои мансабиаш сўистифода карда, бо роҳи ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин ба шаҳрвандон ва гирифтани пора машғул шудааст.

Оид ба ин амали ҷинояткоронаи С. Салимов аз тарафи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе санҷиши пешакӣ гузаронида шуд, ки дар рафти он ҳаракатҳои ҷиноятии Салимов ба пуррагӣ тасдиқ гардиданд.

Ҳангоми гузаронидани санҷиши пешакӣ, 27 феврали соли 2008 бо мақсади рупӯш кардани ҷиноятҳои содиркардааш С. Салимов ба корманди масъули Раёсати Агентии мазкур маблағи 20 ҳазор доллари амрикоиро ба сифати пора пешниҳод намудааст. Аз рӯи ин таклифи С. Салимов корманди масъули Раёсати Агентӣ бо гузориш ба роҳбарияти Агентӣ сари вақт муроҷиат намуд.

Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи, 27 феврали соли 2008 тахминан соатҳои 13-50 дақиқа дар рӯ ба рӯи маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе раиси ҷамоати деҳоти Испечаки ноҳияи Рӯдакӣ Саидаҳмад Салимов ҳангоми додани пора ба маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ ба корманди масъули Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Агентии мазкур дастгир карда шуд.

Инчунин, дар рафти тафтиш муайян карда шуд, ки С. Салимовдар 11 лаҳзаи содир намудани фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замини корам ба шаҳрвандон даст задааст. Мавсуф ба ин кирдорҳои ҷинояткоронаи худ аз шаҳрвандон 44 ҳазор долари амрикоӣ, як автомашинаи ГАЗ-52, 6 тонна семент ва 2 сар ҳайвони калони шохдорро бо роҳи тамаҷӯйи азони худ намудааст.

Нисбат ба ин кирдори С. Салимов аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаҳои 320 қисми 2 (додани пора), 319 қисмҳои 1 ва 4 (додани пора) оғоз гардида, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шуда, тафтишоти пешакӣ давом дорад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен
03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина
03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0170161