Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

28.03.200816:09

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара вазифаи асосии худро фаромўш намуд

 Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара Толиб Ҷӯраев, аз моҳи майи соли 2005 ин ҷониб дар вазифаи Раиси хоҷагии деҳқонии «Боғистон»-и шаҳри Исфара кор мекунад. Номбурда аз ваколат ва мансаби худ сўйистифода карда, дар ҳаҷми 87 ҳазору 878 сомонӣ маблағро аз они худ намудааст. Аз ҷумла, дар корхонаи шаробкашии ин хоҷагӣ, бо супориши Т. Ҷӯраев ба миқдори 53199 литр шароб (аз 73 тонна ангур), ба маблағи 422 ҳазору 556 сомонӣ бе ягон ҳуҷҷати дахлдор тайёр карда шудааст.

Инчунин дар рафти тафтиш аз анбори хоҷагӣба миқдори 3275 килло пахта, ки маблағи 3275 сомониро ташкил медиҳад, ёфт гардид, ки он аз заминҳои хоҷагӣ ҷамъоварӣ шуда, аз тарафи Т. Ҷӯраев аз худ карда шудааст.

Бо ин кирдораш Т. Ҷӯраев ба давлат ба маблағи 87878 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Аз ин маблағи зарар 23000 сомонӣ ба давлатбаргардонда шуд.

Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳаракатҳои Т. Ҷӯраев аломатҳои ҷиноятии дар моддаҳои 245, 247 ва 323-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, дида мешавад. Нисбати номбурда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

18.0113:22Движение «Старексов» и «Мерседесов» по проспекту С.Шерози запретят
18.0113:12Шестеро жителей афганского Вахана эвакуированы в Таджикистан с признаками обморожения
18.0111:34Главные чертежи всех городов будут пересмотрены
18.0111:31Душанбе расширит свои границы
18.0111:01Стоимость жилья в Душанбе остается неизменной


Самое обсуждаемое

03.0114:13Открытое письмо Президенту Эмомали Рахмону(240)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(5)
17.0111:48Таджикистан не торопится вступать в ЕАЭС(1)
18.0106:31Рустам Эмомали будет управить столицей из Дворца президента(1)
17.0106:19В Таджикистане муфтия Москвы назвали «борцом атеистического фронта»(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156262