Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

29.03.200808:09

Ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

            28 мартисоли 2008 таҳтираёсати  ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон, РаисиҲукуматимамлакатЭмомалӣРаҳмонҷаласаинавбатииҲукуматиҶумҳурииТоҷикистонбаргузоргашт, кидаркорионбешаз 40 масъалабаррасӣшуд.

ДарҷаласаинавбатииҲукуматиҶумҳурииТоҷикистоннахустҳисоботимарказҳоитатбиқилоиҳаҳоиинвеститсионӣдарсоҳаикишоварзӣшунидашуд
.

Зикргардид, киайнизамондарсоҳаикишоварзииҷумҳурӣ 8 лоиҳаиинвеститсионӣамалӣмегардад, кимаблағиумумиион 531 миллионсомонироташкилмедиҳад.
То имрӯз аз ин маблағҳо 220, 5 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Лоиҳаҳои инвеститсионӣ баҳри дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо,  барқарорсозии соҳаи кишоварзӣ, ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ,  обёрикунии заминҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ, нигаҳдории солимии ҳайвонот ва паррадагони хонагӣ, бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин ва рушди инфрасохтори деҳот   амалӣ мегарданд.

Айни ҳол ин лоиҳаҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои озмоишии Хоруғ, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Ванҷ, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Рашт, Роғун, Файзобод, Ваҳдат, Рудакӣ,  Варзоб, Ҳисор, Шаҳринав, Восеъ,  Фархор, Данғара, Бохтар, Вахш, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритус, Ёвон, Хуросон, Айнӣ, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ ва Зафаробод татбиқ мегарданд. Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин дар 36 ноҳияи ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.

            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи азхудкунии саривақтӣ ва ҳадафманду босамари маблағҳои ҷудогашта таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани лоиҳаҳои инвеститсионӣ супоришҳои мушаххас дод.

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳисобот дод.

Дар ҳисоботи ӯ дастгирии рушди соҳибкорӣ ва афзоиши истеҳсолоти кишоварзӣ мақоми марказӣ дошт. Таъкид гашт, ки тавассути рушди соҳибкории хусусӣ, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ соли гузашта дар ноҳия барои қариб 600 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуд. Имрӯз ҳиссаи соҳибкорони хусусӣ наздики 90 дар сади маҷмӯи маҳсулоти умумии дохилии ноҳияро ташкил медиҳад. Аз соли 2006 то 2007 шумораи соҳибкорони хусусӣ аз 3338 ба 4745 нафар ва корхонаҳои хусусӣ дар ҳамин мӯҳлат аз 556 ба 586 адад расидаст. Аз ҷониби бонкҳо ва дигар муассисаҳо ба соҳибкорони хурду миёнаи ноҳия дар соли 2007 ба маблағи умумии 30,8 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масоили рушди ҳамаи бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ба эҳёи  пахтакорӣ, барқарорсозии гармхонаҳо ва афзоиши истеҳсоли меваю сабзавот, истифодаи пурсамар аз тамоми заминҳои киштшаванда, афзоиш додани қарзҳои бонкӣ ва ҳамчунин ба корҳои ободонию созандагӣ, кабудизор кардани муҳити зист ва бунёди ҳаммом,мағоза ва дигар иншооти чамъиятӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Ҳисоботи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ дар бораи заминҳои мавҷуда ва тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳою намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ дар ҳолати то 1 январи соли 2008 тасдиқ карда шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди камтарин ва баландтарини маблағи харид барои соли 2008 муқаррар карда шуд.

Консепсияи рушди кори бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2018 тасдиқ карда шуд.

Лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи боҷи давлатӣ», Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекс дар бораи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси андоз, ва Кодекси гумрук  маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Стратегияи рушди бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои бақайдгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили ҷашни 60-солагии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Дар фароварди ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои Ҳукумати мамлакат ва  мардуми кишварро аз ҳозир ба омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда ҳидоят намуда, ба масъулин ҷиҳати таҷдиди пурраи маркази истеҳсоли барқ ва гармии шаҳри Душанбе, барқарорсозии пурраи марказҳои истеҳсоли барқ ва гармии ноҳияи Ёвон, шаҳри Чкаловск ва дигар марказҳои гармидиҳӣ, таҷдиди нерӯгоҳи обии Варзоб, захираи фаровони гази моеъ, мазут ва ангишт ва ҳамчунин маҳсулоти хӯрокворӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Дар баробари ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  мардуми кишварро бори дигар ба ривоҷу равнақ додани истеҳсолоти ватанӣ ва ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ ҳидоят намуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.1012:40За поучения получил удар ножом. Подробности очередной поножовщины в Душанбе
22.1010:55В Таджикистане задержан глава компании "Умед-88"
21.1014:19Таджикистан станет частью "китайской мечты"?
21.1011:15В Таджикистане под "облаву" угодил правозащитник
20.1018:13Шох Искандаров: "Нас оклеветали"(1)


Самое обсуждаемое

20.1018:13Шох Искандаров: "Нас оклеветали"(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00