Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

29.03.200813:09

Боздиди кории Сарвари давлат аз ноҳияи Ҳисор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 марти соли равон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни кишту кори баҳорӣ ба ноҳияи Ҳисор рафт.

Сарвари давлат пеш аз ҳама аз хоҷагии кооперативии истеҳсолии «Ватан»-и ноҳия боздид ба амал оварда, дар ҷараёни оғози кишти баҳории ин хоҷагӣ иштирок намуд ва чигити аввалинро корида, ба деҳқонон барори кор орзу намуд.

Бояд гуфт, ки дар ин хоҷагӣ дар масоҳати 220 гектар замин чигит корида мешавад ва деҳқонон ният доранд, имсол аз ҳар гектар 25-30 сентнерӣ ҳосил гиранд.

Сипас, Президенти ҷумҳурӣ бо деҳқонону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҳисор бевосита дар сари замин сӯҳбат кард. Ӯ таъқид намуд, ки аз вазъи мусоиди ҳаво истифода бурда, маъракаи киштро ҳарчи зудтар анҷом диҳанд. Зикр карда шуд, ки ҳавасманд кардани деҳқонон яке аз шартҳои пешрафти кор мебошад.

Сарвари давлат инчунин дар маросими ба истифода додани Беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳия иштирок намуда, бо кормандони муассисаҳои тиббии минтақаҳои гуногуни мамлакат мулоқот кард.

Эмомалӣ Раҳмон вазъи имрӯзаи соҳаи тибби мамлакатро ғайриқаноатбахш номида, зикр намуд, ки ҳарчанд ҳар сол ба ин соҳа маблағҳои зиёд ҷудо карда шаванд ҳам, сифати хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ ба талабот ҷавоб дода наметавонад. Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағи буҷҷет ба ин соҳа нисбат ба соли гузашта 45 фоиз зиёд маблағ ҷудо шудааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки масъулини соҳа баҳри самаранок истифода бурдани ин маблағҳо, такмил додани маҳорат ва таҷрибаи кормандони соҳа, бо истифода аз имконоти мавҷуда, тадбирҳои самарабахш андешанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
1.0
- всего оценок (1)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0313:20Президент ознакомился с ходом реконструкции санатория «Зумрад» в Исфаре
24.0313:01В Душанбе состоится лазерное шоу
24.0311:56Как исфаринцы Эомали Рахмона встречали
24.0311:16Губернатор Новосибирска запретил таджикским мигрантам варить пиво и сидеть с детьми
24.0310:14Льготы от правительства: одной рукой дают, другой отбирают


Самое обсуждаемое

24.0307:03Сборная Таджикистана на последних минутах упустила победу над Бахрейном(2)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312478