Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

31.03.200809:09

Cафари Президент ба Ҳисор

29 марти соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи баъд аз таъмиру таҷдиди як беморхонаи минтақавӣ, оғози кишти пахта, маъракаи калони ниҳолшинонӣ ва барои шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ба ноҳияи Ҳисор сафар кард.

Дарвоқеъ, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию  маънавии кишвар, рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, барномаҳои давлатии рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва амру фармонҳо таҳти назорати пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар назди беморхонаи минтақавӣ аҳли ҷамоатчигии ноҳия бо эҳтирому самимияти афзун ва арҷгузорӣ ба сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии кишвар истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири муоинаю муолиҷа, ки дар ин беморхона баҳри хизматрасонӣ ба аҳолии деҳоти атроф аз ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав пешбинӣ шудааст, аз наздик шинос шуд.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки ин бемористон аз дармонгоҳ, шуъбаҳои бемориҳои кӯдакона, ҷарроҳӣ ва таваллудхона иборат буда, дар як вақт метавонад то ба 100 нафар беморон бо таъмини ҷойи хоб хизматрасонӣ кунад.

Баъди тармиму таҷдид дар ин ҷо барои 100 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё гаштааст.

Чунонки дар рафти шиносоӣ маълум шуд, бемористон бо техникаю таҷҳизоти ҳозиразамони муоинаю муолиҷа таъмин гаштааст ва ин ба аҳолии атроф имкон медиҳад, ки барои ташхис ва табобат бо хароҷоти зиёд ба маркази ноҳия ва ё шаҳри Душанбе нараванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши кадрҳои бо техникаю технологияи нав коркунанда, муомилаи хуб ба эҳтиёҷмандон ва ободу зебо кардани атрофи беморхона, ки масоҳати он майдони 6 гектар заминро дар бар мегирад, ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Дар саҳни ҳавлии беморхона барои мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндагони сершумори соҳаи тандурустии кишвар аз муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣҷамъ омада буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо суханронӣ намуда, нахуст кулли ҳозирин ва мардуми кишварро бори дигар бо фаро расидани соли нави аҷдодӣ- Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният гуфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмӯҳтаво вазъи соҳаи тандурустии ҷумҳуриро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷиддӣ ва ҷоннок намудани корҳои судбахш ба масъулин ва ҳамаи кормандони соҳа дастуру ҳидоятҳои муфид дод.

Зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии истеҳсолии Ватан ба маъракаи имсолаи кишти пахта оғози расмӣ бахшид ва бо собиқадорони меҳнат ва аҳли заҳмати он аз наздик сӯҳбатҳои судманд анҷом дод. Зикр гардид, ки дар зарфи як соли охир дар ноҳия 41 адад техникаи нави кишоварзӣ харидорӣ шудааст, ки ин барои баланд бардоштани самаранокии меҳнат хеле муҳим аст.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати таъмини дастрасии аҳолӣ дастур дод, ки мағозаҳои алоҳида ва гӯшаҳои махсус дар бозорҳо барои фурӯши тухмии босифати сабазавоту дигар зироатҳо кушода шаванд. 

Зимни шиносоӣ бо чорводорони ноҳия зикр гардид, ки имрӯз талаботи мардуми пойтахтро бо маҳсулоти ширӣ асосан онҳо мепӯшонанд. Маълум гашт, ки дар ин ноҳия ҳам чорвои аҳолӣ ва ҳам ҷамъиятӣ хеле фоидаовар аст.

Таъкид гардид, ки роҳи асосии ба даст овардани фоидаи хуб ин хушзот кардани чорво, истифодаи дурусти қоидаҳои нигоҳубини чорво, ҳамкории босамар бо корхонаи маҳсулоти ширии шаҳри Душанбе ва додани маоши хуб ба мутахассисону кормандони соҳа аст. Маоши чорводорон аз 300 то 450 сомониро ташкил медодааст.

Чунонки маълум шуд, барои хушзот кардани чорвои аҳолӣ низ дар ноҳия 6 нуқтаи бордоркунии сунъӣ ташкил карда шудааст ва ин ба андешаи масъулин табиист, зеро ки 85 дар сади маҳсулоти чорворо имрӯз аҳолӣ таъмин мекунад.

Соли 2007 танҳо аз ҳисоби чорвои ҷамъиятии ноҳия 5500 тонна шир ба фурӯш бароварда шудааст. Соли гузашта аз ҳар як гови дӯшо ба ҳисоби миёна 4084 кг шир дӯшида шудааст. Як гови бисёр сермаҳсулро дар ин ҷо нишон доданд, ки дар як сол 5622 кг шир додааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҳашари калони ниҳолшинонӣ дар хоҷагии Баракати ноҳияи Ҳисор иштирок намуда, ба ҳашарчиёни сершумор рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсар ва фарзандону наберагонаш баробари анбӯҳи зиёди мардум ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда шинонда, дар тарғибу ташвиқи рушди боғутокпарварӣ,  кабудизоркунии муҳити зист ва ободонию созандагии кишвари биҳиштосои Тоҷикистон саҳми бевосита гузоштанд.

Танҳо ҳамин рӯз дар ин ҷо дар майдони 30 гектар ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда шинонда шуд.

Масоҳати умумии боғ 336 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он дар 281  гектараш ангӯр ва дар заминҳои боқӣ ниҳолҳои себ, гелос, бодом, нок, анҷир ва парваришгоҳи навниҳолҳо ҷойгир шудаанд.

Имрӯз дар ин боғ 1800 нафар аҳолии деҳоти атроф бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Чунонки аз сипосгузории пирони меҳнат маълум шуд, ин боғ бо ташаббусу раҳнамоӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 10-12 соли охир бунёд ёфта, имрӯз ба як манбаъи хуби рӯзгузаронии мардуми атроф табдил ёфтааст.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156247