Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

31.03.200809:09

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани

беморхонаи минтақавӣ дар ноҳияи Ҳисор

29 марти соли 2008

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини мӯҳтарам!

Пеш аз ҳама шумо - мардуми сарбаланди ноҳияи Ҳисор ва тамоми кормандони соҳаи тандурустии кишварро бори дигар ба ифтихори соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик гуфта, бароятон рӯзгори хушу осуда ва саломативу сарбаландӣ орзумандам.

Фикр мекунам, ки дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ ба истифода додани иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоӣ, аз ҷумла ин беморхонаи минтақавӣ, ки бо сифати баланд  таъмир гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣҷиҳозонида шудааст, бешубҳа ба хурсандии идона шодиву хушҳолиҳои нав илова месозад.

Дар доираи татбиқи ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ сохтмону азнавсозии инфраструктураи иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои тиббӣ, ки  дар ҳифзи тандурустии аҳолӣ нақши бузург доранд, иқдоми хайрхоҳона ва зарурӣ мебошад.

Зеро саломатӣ барои инсон неъмати бебаҳост ва шумо – табибони арҷманд барои  ҳифзи ин неъмати бебаҳои инсонӣ масъулияти хеле бузург доред.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти бузурги ҳифзи саломатии мардум  ва бо мақсади суръатбахшӣ ба раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин вусъат додани бунёди иншооту муассисаҳои тиббӣ, ки ин беморхона намунаи равшани он мебошад, ҳамаи чораҳои имконпазирро амалӣ карда истодааст. Чунки тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад.

Бояд гуфт, ки мавриди истифода қарор гирифтани  ин беморхонаи минтақавӣ ба ниёзмандони ду ноҳия -  Ҳисор ва Шаҳринав имкон медиҳад, ки дар маҳалли зисти худ аз хизматрасонии саривақтӣ ва босифати тиббӣ истифода намоянд.

Ин муассиса, ки дар он барои муоина ва дар як навбат табобат кардани сад нафар беморон ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст, аз шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, табобати бемориҳои кӯдакона, таваллудгоҳ ва дармонгоҳ иборат аст.

Дармонгоҳи беморхона бо таҷҳизоти зарурии ташхис ва лабораторияи замонавӣ муҷаҳҳаз буда, метавонад дар як баст беш аз 150 нафар эҳтиёҷмандонро  қабул карда, ба онҳо кӯмаки тиббию санитарӣ расонад. Илова бар ин, дар беморхонаи мазкур зиёда аз сад нафар одамон соҳиби ҷои кори доимӣ мешаванд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи онҳое, ки барои азнавсозии беморхона ва бо таҷҳизоти муосири замонавӣ таъмин кардани ин муассисаи табобатӣ саҳми арзанда ва инсондӯстона гузоштанд, арзи сипос менамоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки медонед, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи тандурустии кишварро самти  муҳимтарини фаъолияти худ дониста, дар доираи татбиқи он илова ба тадбирҳо доир ба фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қабули ҳуҷҷатҳои барномавӣ инчунин аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии бемориҳо як қатор барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи то соли 2010-ум қабул шудаанд, ки татбиқи самарабахши онҳо вазифаи асосии шумо – роҳбарон ва масъулону кормандони соҳаи тандурустӣ мебошад.

Масъалаҳои ба талаботи давру замона мувофиқ гардонидани шароити муассисаҳои тандурустӣ, таъминоти онҳо бо таҷҳизоти муосир ва доруворӣ, инчунин тарбияи кадрҳои тиббӣ таҳти назорат ва таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Бо роҳи зиёд кардани маблағгузории давлатии соҳа ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ мо вазъи муассисаҳои ташхису табобатиро тадриҷан ба эътидол оварда истодаем.

Чунон ки дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон зикр карда будам, имсол маблағгузории давлатии соҳаи тандурустии мамлакат нисбат ба соли 2007-ум дар ҳаҷми беш аз 43 фоиз зиёд пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон бо мақсади вусъати ислоҳоти соҳа 54 лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ шуда истодаанд, ки ҳаҷми умумии маблағи онҳо беш аз 420 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бо ҷалби ҳам маблағҳои давлатӣ ва ҳам сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ солҳои охир теъдоди зиёди муассисаҳои тиббӣ мавриди таъмир ва азнавсозӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ таъмин карда шуданд.

Дар ин давра вазъи Институти илмию таҳқиқотии Вазорати тандурустӣ, як қатор муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд, Хоруғу Кӯлоб ба талаботи замон мувофиқ гардонида шуд.

  Ҳамчунин ҳоло дар 11 ноҳияи таҷрибавӣ таъмиру барқарорсозии муассисаҳои тиббӣ  ва беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил идома дорад.

Дар натиҷаи то андозае беҳтар гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ ва бо дастгоҳҳои ҳозиразамони ташхису табобат таъмин намудани онҳо  мо ба шаҳрвандони кишварамон имконият фароҳам овардем, ки аз дастовардҳои тибби муосир, яъне аз тарзу усулҳои нави муоина ва муолиҷаи бемориҳо баҳравар гарданд. Вале хизматрасонии техникии онҳо ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъалаи дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштан ва пурсамар истифода намудани таҷҳизоти тиббиро ҳаллу фасл карда, мунтазам доир ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намояд.

Дар заминаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат инчунин соли гузашта маоши вазифавии кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба қадри имкон  зиёд карда шуд.

Инчунин маош ва ставкаҳои амалкунандаи тарифии кормандони муассисаҳои алоҳидаи тиббӣ, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 50 фоиз баланд гардид.

Ба маълумоти шумо мерасонам, ки дар ояндаи наздик дар соҳаи тандурустӣ низоми нави пардохти музди меҳнат ҷорӣ карда хоҳад шуд.

Бо ин мақсад ҳоло аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ ташкил шуда, таҳияи дастуруламали нави пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ идома дорад. 

Дӯстони азиз!

Воқеан намехоҳам, ки дар рӯзҳои иди Наврӯз хотири шуморо бо зикри камбудиву норасоиҳои соҳаи тандурустӣ ошуфта созам. Вале чун фурсати муносиб фароҳам омадааст, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба иҷрои як қатор вазифаҳои муҳим ҷалб намоям. Зеро бе ҳаллу фасли онҳо ислоҳот ва пешрафти соҳаи тандурустиро таъмин кардан амри маҳол аст.

Шумо хуб медонед, ки мо соли ҷорӣ тамоми роҳбарияти вазоратро иваз кардем ва ин бесабаб нест. 

Пешрафти соҳа бо вуҷуди дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба талабот ҷавоб дода наметавонад, яъне ислоҳоти соҳа ба таври зарурӣ сурат намегирад ва дар маҷмӯъ мардум ҳанӯз аз сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ қаноатманд  нестанд.

Бинобар ин, то ҳол шаҳрвандони кишварамон барои ташхис ва табобат аз деҳот ба шаҳр ва ҳатто берун аз марзи Тоҷикистон мераванд, ки ин тамоюли номатлуб буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ҳанӯз ҳам ба маҳорату истеъдод ва донишу таҷрибаи табибони маҳалливу олимони тибби кишвар эътимод надоранд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ислоҳоти соҳаи тандурустӣ то ҳол дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Зеро кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, тибби оилавӣ, ислоҳоти маблағгузории соҳа, сохтори умумии бистаригардонии беморон, низоми муназзам ва муносиби иттилоотиву таҳлилӣ, ҳамгироии барномаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, харид ва таъминот бо доруворӣ, инчунин татбиқи як қатор тадбирҳои дигар, ки самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳа мебошанд, ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Барои пешрафти соҳа пеш аз ҳама доир ба ҷорӣ намудани низоми нави маблағгузорӣ, яъне маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ чораҳои дахлдор андешидан зарур аст.

Ҳамзамон бо ин, натиҷаҳои ислоҳоти соҳа, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сатҳу сифати ҳифзи тандурустии аҳолиро пайваста мавриди баррасӣ қарор дода, мувофиқи онҳо амал бояд кард.   

Дар истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ камбудиҳои зиёд ба назар мерасанд.

Дар аксар ҳолатҳо ниёзмандон, бахусус табақаҳои камбизоати аҳолӣ аз дастгирии давлатӣ доир ба таъминоти доруворӣ ва хизматрасонии тиббӣ бенасиб мондаанд.

Маблағҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ асосан барои ҷалби мушовирони байналмилалӣ, гузаронидани чорабиниҳои тадқиқотиву омӯзишӣ сарф карда мешаванд, ки ин мувофиқи мақсад нест.

Ҳадафи асосӣ аз ислоҳоти соҳа дастрас будани хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, пеш аз ҳама ба табақаҳои камбизоати он, пиронсолону маъюбон ва модару кӯдак мебошад.

Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия бояд ба ин масъала таваҷҷӯҳи зарурӣ ва доимӣ зоҳир намоянд.

Тибби оилавӣ ҳамчун самти афзалиятноки соҳа то ҳол мавқеи худро пайдо накардааст. Дар айни ҳол дар кишварамон дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҳамагӣ 680 нафар духтурони тибби оилавӣ ва наздик ба 1500 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ тайёр карда шудаанд. Ҳол он ки аҳолии мамлакатамон ба бештар аз 4 ҳазор нафар табибони оилавӣ эҳтиёҷ дорад.

Тавре ки зикр кардем, ҳаҷми маблағҳои аз буҷети давлатӣҷудошаванда ҳамасола меафзояд, вале қисми ниҳоят ками онҳо барои ислоҳоти соҳа сарф мегарданд.

Бо дарназардошти ин вазъ, ба Вазорати тандурустӣ ва мақомоти и

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента
04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен


Самое обсуждаемое

03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156338