Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

01.04.200809:09

Антонио Гутеррес«Таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон намунаи олист»

Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Комиссариати олии Созмони Миллали Муттаҳид дар масъалаи паноҳандагон дар ҷараёни мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо комиссари ин ташкилот Антонио Гутеррес баррасӣ шуд.

Антонио Гутеррес пас аз анҷоми мулоқот андешаҳояшро ба хабарнигорон иброз тошта, зикр кард, ки масъалаҳои паноҳандагони Афғонистон дар Тоҷикистон мавзӯи аслии гуфтугӯи мо қарор гирифт.

«Тоҷикистон, ки худ таҷрибаи паноҳандагиро дар солҳои нооромӣ дида буд ва мардумаш хусусан дар Афғонистони ҳамсояпанаҳ бурдаанд, имрӯз худуди 1700 паноҳандаи афғонро ҷой додаст», -идома дод комиссар.Дар ин бобат ӯ азТоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои паноҳандагони афғон ҷой додаву аз онҳо пуштибонӣ низ мекунад.

Комиссари СММ тазаккур дод, ки намояндагии ин ташкилот дар Тоҷикистон дар ҳоле кушода шуда буд, ки ин ҷо ҷанги шаҳрвандӣ мерафт ва бархе аз тоҷикистониён ватанро фирор мекарданд. Имрӯз бошад ин кишвар дар заминаи сулҳу субот рушд карда, мардумаш орому осуда аст ва метавон гуфт, ки имрӯз фирории тоҷик нест.

Антонио Гутеррес таҷрибаи Тоҷикистонро дар масъалаи баргардонии фирориҳо намунаи олии сулҳофаринӣ арзёбӣ карда, тазаккур дод, ки набудани фирории тоҷик барои мо далели кофист, ки дар ин кишвар фазои сулҳу субот ва оромию осудагӣ ба дараҷае ҷорист.

«Умедворем, ки таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи хубе буда, аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд мегирад», - гуфт дар хотима Антонио Гутеррес.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0915:44«Москва» в страхе. Как живет рынок в Люблино после стычек мигрантов с полицией
25.0915:43Прощай, Даврон!
25.0914:28Пассажирский самолет совершил вынужденную посадку в Хороге
25.0913:48После дорожного происшествия пропали ... автоматы Калашникова
25.0913:01В Краснодарском крае задержали семью людоедов


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312541