Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

01.04.200809:09

Марди хирад ва сиёсат

             Устод Талбак Назаров синни мубораки ҳафтодро пур кард.

             Замоне, ки Талбак Назаров ба дунё омад, яке аз марҳилаҳои мураккаб ва душвори даврони шуравӣ буд. Дар он солҳое, ки шахсиятҳое ба мисли Нусратулло Махсуму Шириншо Шотемур ҳабс шудаву ба қатл расиданд, дар чанд оилаи тоҷик фарзандоне ба дунё омаданд, ки пас аз ду-се даҳсола дар кору пешаи гуногун ном бароварданд: Темур Зулфиқоров, Ҳошим Гадо, Ҳабибулло Абдураззоқов, Марям Исоева, Талбак Назаров, Бозор Собир, Одина Ҳошим, Маҳмудҷон Воҳидов, Акбар Турсун, Собит Неъматуллоев, бародарон Хуршед ва Ҷамшед Каримовҳо… Ҳар яке аз ин шахсиятҳо роҳи худро пайдо кард, муносибаташ бо касбаш, бо зиндагӣ хоси худаш буд, вале то оне, ки ба ин шоҳроҳи созмондодааш бирасад, ҳар кадомро аз овони кӯдакӣ меҳнату машаққат, маҳрумияту вазниниҳои зиёде ҳамроҳӣ мекарданд. Ин насле буд, ки мушкилоти зиндагӣ хеле барвақт бар дӯшаш афтода, бармаҳал бо ҷаҳони зебои бачагӣ падруд гуфта, пеш аз синну соли худ бар камол расид.

            Талбак Назаров аз ҳамин насл аст ва он нақши гузоштаи зиндагӣ имрӯз ҳам бо ӯст. Ӯ пас аз хатми Техникуми молиявӣ-кредитии Сталинобод (1956) ва Донишкадаи молиявӣ-иқтисодии Ленинград (1960) вазифаҳои гуногунро бар зимма дошт: муаллими калон, мудири кафедра (1962-1969), декани шӯъбаи ғоибона, ноиби ректор оид ба шӯъбаи ғоибона, мудири кафедра (1969-1971), ходими калони илмӣ (1971-1973), мудири кафедра, декани факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1973-1980), Раиси Шӯро оид ба омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1980-1982), ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1982-1988) ва ҳамзамон Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1986-1988), Вазири маорифи халқ (1988-1990), Муовини аввали Раиси Шӯрои вазирон - раиси Кумитаи банақшагирии давлатии ҶШС Тоҷикистон (1990-1991), ноиби президенти Академии илмҳои Тоҷикистон (1991-1994), роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994-2006), директори Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон (аз с. 2007).  Профессор (1976), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1991), академики Академияи байналхалқии мактаби олӣ (1991), ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1988), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино (2003). Ғайр аз ин Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (ду даъват), Депутати халқи ИҶШС буд, аз қабили Раиси Шӯрои ректорони мактабҳои олии ҶШС Тоҷикистон, узви Кумитаи давлатии маорифи халқи ИҶШС (1982 - 1988) вазифаҳои дигар ҳам дошт. Онҳое, ки дар давраҳои гуногуни фаъолияташ ӯро дидаанду мешиносанд,мегӯянд: ҳеҷ гоҳ аз ҳадшиносиву ҳақшиносӣ канораҷӯӣ накард.

            Барои шинохти Талбак Назаров бояд бо ӯ буд, бо ӯ кор кард, бо ӯ ҳамсӯҳбат шуд, чаро ки ин сабабҳои худро дорад. Дар оини мусулмонӣ ҳикмате ҳаст ба маъное, ки агар некиро бо дасти ростат кардӣ, бояд дасти чапат аз он огоҳ набошад.Талбак Назаров низ ҳамеша кӯшиш мекард,  ки хизматҳояш пинҳон монанд. Аз ин лиҳоз, аз матбуот низ дар бораи шахсияту фаъолияти ӯ маълумоти васеътаре пайдо кардан амри маҳол аст.

           Дар бораи устод Талбак Назаров бисёр гуфтану навиштан мумкин аст. Ӯро метавон ҳамчун олим ва педагог муаррифӣ кард, дар бораи фаъолияташ чун ходими давлатӣ асарҳо навишт, ва аз ҳама муҳимаш инсонест арзандаи ҳама гуна ситоиш.

Қадамҳои нахустину ҷиддиро дар ҳаёт ба сифати олиму педагог гузошт. Корро чун ҷӯяндаи фаъолу пурмасъулият оғоз намуда, қадам ба қадам боло рафт, зинаҳои баланди пешаи худро фатҳ кард.

           Илм барои ӯ мисли ибодат кардан ва ё нафас кашидану хӯрок хӯрдан корест таркнопазир. Ҳатто ҳангоми дар вазифаҳои баланди давлатӣ буданаш ба серкорӣ нигоҳ накарда, вақт меёфт, мутолиа мекард, мақолаву рисолаҳояш пайи ҳам рӯи чоп меомаданд.

           Тайи чанд соли охир ҳангоме, ки вазифаи вазири корҳои хориҷии кишвар бар дӯшаш буду, ба қавле барои сархорӣ вақт надошт, чанд рисолаи илмӣ эҷод кард.

           Чор китоби ӯ «Тоҷикистон: иқтисод, сиёсат, ҳамкориҳои байналхалқӣ», «Тоҷикистон: ҳамкории иқтисодӣ ва амният» (ин китобҳо сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино гардиданд), «Тоҷикистон: рушди иқтисодӣ, ҳамгироӣ ва ҳамкории минтақавӣ» ва «Иқтисоди бозорӣ ва ҳамкории байналхалқӣ» дар илми иқтисодии кишвар қадами ҷиддие будандбарои рӯ овардан ба мушкилоти ҷумҳурӣ, самаранок ҷараён додани ислоҳоти иқтисодӣ, ҷиҳатҳои хоси иқтисоди гузариш ва таҷдиди иқтисоди миллӣ, зарурати робитаҳо бо институтҳои молиявии ҷаҳонӣ, тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ, рушди иқтисодӣ ва масъалаҳои амният.Мувофиқи мазмуну мундариҷаи худ ин китобҳо давоми мантиқии ҳам буда, якдигарро пурра мекунанд. Ин назари фарохестба вазъи иқтисоди кишвар, бурду бохт, захираву имкониятҳои истифоданашуда, рушди он бо таваҷҷӯҳ ба равандҳои глобалӣ ва минтақавӣ.Ба андешаи ӯ ислоҳот бояд «хизматгори» иқтисодиёт бошад, он бозсозии кулли тафаккури маъмулиро (пеш аз ҳама роҳбаронро), зиёда аз ин таҳлили пайвастаи муносибатҳои нави иқтисодиро бо назардошти баҳодиҳии ҷиддии маҳсулоти қобили рақобат ва ҷавобгӯи талаботи бозори дохиливу хориҷӣ тақозо дорад. Ин асарҳо бо фарогирии мавзӯъҳо, оммафаҳмӣ ва аҳамиятнокиву замонавӣ буданашон арзиши онро доранд, ки китоби рӯимизии роҳбарону мутахассисони соҳа ва устодони мактабҳои олӣ бошанд. Қаламӣ менависад, ва баъде, ки ҳуруфчин онро дар компютер ҷо кард, боз гунаи чопиашро гаштаву баргашта хонда, таҳрир мекунад.

            Бояд зикр кард, ки мавзӯҳои таваҷҷӯҳи ӯ фақат хоси иқтисодиёт нестанд, балки хеле доманадоранд: сиёсат, таърих, фарҳанг, геополитика, равандҳои ҷаҳонишавӣ… Ҳангоми сафарҳояш ба хориҷи кишвар ба навигариҳои илмӣ аҳамият медод, вақти холиро аксаран дар фурӯшгоҳҳои китоб сарф мекард, то асари наву ҷолибе пайдо кунад. Асарҳои баъзе муаллифонеро, ки тайи солҳои охир бештар мавриди таваҷҷӯҳаш қарор гирифтаанд, пайваста мехонад ва интизори корҳои навашон мешавад.

            Бояд зикр кард, ки рӯ овардан ба илм – ин масъалаи давлатдорист, масъалаест, ки имрӯзу ояндаи мо аз он сахт вобастагӣ дорад. Дар ин маврид суханони Фирдавсии бузургвор сарфи назар аз умри даҳасраи худ баёнгари воқеияти имрӯзанд:

          Касе к-ӯҷаҳонро бувад хостгор,

          Варо дониш ояд, на гавҳар ба кор.

          Ва бисёр кишварҳое, аз қабили Ҷопон ва чанд давлати Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ, ки тайи чанд даҳсолаи охир ҷаҳиши бузургеро дар рушди технология ва пешрафти иқтисодиёт ноил гардиданд, ин ҳамаро маҳз бо ёрии илм ба амал бароварданд ва пайравониҳақиқии Фирдавсӣ низ онҳо будаанд.

           То кадом дараҷа саривақтӣ будани масъалаи рӯ овардан ба илмро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардааст. Аз ҷумла, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар 30 апрели соли гузашта таъкид карда буд: «Пешрафти ҷомеаро бе тараққиёти истеҳсолот, бахусус саноат таъмин кардан ғайриимкон мебошад. Барои пешрафти истеҳсолот бошад, инкишофи илм, инноватсия ва ихтироъкориҳо заруранд... Зарур аст, ки илм умуман ва илмҳои табиатшиносиву техникӣ махсусан, ба рушди истеҳсолот нигаронида шавад».

Аз ин лиҳоз, хизмати Талбак Назаров, гаштаву баргашта рӯ овардани ӯ ба масъалаҳои мубрами иқтисодӣ, ки пешрафти кишвар аз онҳо вобаста аст, муносибат ва диққати ҷиддиро тақозо дорад, пайравӣ мехоҳад.

           Роҳи тайкардаи Талбак Назаров чун ходими давлатӣ низ басо ибратомӯз аст. Дар даврони шӯравӣ ҳамзамон бо фаъолияти илмиву педагогӣ ба мансабҳои баланди ҳукуматӣ тавсия гардида, то вазифаи Муовини аввали Раиси Шӯрои вазирон – раиси Кумитаи банақшагирии давлатии ҶШС Тоҷикистон расид. Истиқлолияти кишварро бошад дар вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ пешвоз гирифт.

            Роҳбари нави давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ислоҳоти конститутсионӣ ва сохтмони давлатдорӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, ҳамзамон кадрҳои болаёқату корозмударо ба командаи худ даъват мекард. Яке аз ҳамин гуна шахсиятҳо Талбак Назаров буд, ки дар таҳияи барномаи пешазинтихоботии Президенти ояндаи Тоҷикистон иштирок варзида, роҳбарии ситодашро низ ба ӯҳда дошт. Баъди интихобот Талбак Назаров аввал роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президент ва дере нагузашта вазири корҳои хориҷӣ таъин гардида, дар ин вазифа дувоздаҳ сол кор кард. Ва ҳаёт собит сохт, ки дар ин бобат интихоби Президент басо мувофиқ ва муваффақона буд. Дар тамоми ин давра, аз аввал то ба охир устод ба халқу ватани худ бедареғ ва содиқона хизмат кард, супоришҳои Сарвари давлатро ба ҳисси масъулияти бузург ва санъати баланди коршиносӣ ба нуқтаи анҷом мебурд.

          Талбак Назаров дар солҳои вазнину мураккаб ин вазифаи басо пурмасъулиятро бар дӯш дошт. Ҷанги ҳамватанӣ, бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, вазъи хароби корхонаву муассисаҳо кишварро дар ҳолати печидае қарор дода буданд. Бар замми ҳамаи ин худи давлатдорӣ барои мо чизи нав буд ва мантиқан дар баробари амал кардан ҳамзамон бояд меомӯхтем.

          Дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои дуру наздик, ба вуҷуд овардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқии онҳо, рушди ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бо институтҳои молиявии ҷаҳонӣҷое хиштҳои аввалро мегузоштем ва ҷое кор акнун оғоз меёфт. Ва дар ҳамаи ин самтҳо бомуваффақият ҷараён додани корҳо ва дифои манфиатҳои худ барои ҷумҳурии ҷангзада ва гирифтори бӯҳрон осон набуд.

          Хушбахтона, дипломатияи ҷавони Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста пеш мерафт, доираи фаъолияти худро васеъ мекард ва сафи дӯстону шарикони кишвари мо муттасил меафзуд. Кӯшишҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ ва вазорати корҳои хориҷӣ ба мақсади мустаҳкам кардани мавқеи ҷумҳурӣ дар арсаи байналхалқӣ натиҷаҳои мусбат дод. Тоҷикистон сарфи назар аз мушкилоти дохилиаш тавонист бо давлатҳои зиёде муносибатҳои боварибахшу судманд ҷараён диҳад, аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи баёналмилалӣ бошад дар баробари проблемаҳои дохилӣ ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҷаҳониву минтақавиро ба миён мегузошт. Хусусан, масъалагузориҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти Афғонистан аз мавқеи хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарияти ҷумҳурӣ ва вазири корҳои хориҷии он шаҳодат медод. Як мисол. Вақте ҷунбиши «Толибон» қариб сартосари марзи Афғонистонро ғасб кард, баъзе кишварҳои ҳамсоя аллакай омода буданд, ки ҳокимияти онро расман эътироф кунанд. Тоҷикистон бошад мавқеи худро нигаҳ дошта, хатари чунин «ҳокимият»-ро ба ҷаҳониён таъкид мекард. Оқибат амалҳои террористии сентябри соли 2001 дар Вашингтону Ню-Йорк дурустии мавқеи Тоҷикистонро собит сохтанд ва ба ин масъала ҳукми хотима бахшид.

             Қобили таъкид аст, ки мушкилоти Афғонистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи махсус дорад. Ба вуҷуд овардани «тасмаи амниятӣ» дар атрофи Афғонистон ба хотири пешгирии қочоқи яроқу маводи мухаддир, тавассути рушди иқтисодиёт раҳонидани ин кишвар аз ҳолати бӯҳронӣ аз қабили он тадбирҳоеанд, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ пешниҳод карда буд.

            Дипломатияи иқтисодӣ ривоҷ ёфт, миёни ҳуҷҷатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба беш аз пеш созишномаҳои оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ зиёдтар мешуданд. Талбак Назаров ҳангоми мулоқотҳо бо ҳамтоёни хориҷии худ диққати онҳоро пеш аз ҳама ба ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ҷалб мекард.

           Хизмати дигари бузургу содиқонаи Талбак Назаров дар назди ҳамватанони худ дар роҳбарӣ ба ҳайати ҳукуматӣ дар гуфтушунидҳо бо ҳайати Иттиҳоди мухолифини тоҷик зоҳир гардид. Ҳангоми музокирот, ки фаросату дониш ва сабру таҳаммули махсусро тақозо мекард, бархӯрди ӯ нуктасанҷона, дурандешона ва ҳамеша хушбинона буд. Дар мулоқотҳо орому ботамкин буд, устуворона ва дилпурона роҳу усулҳои раҳоӣ ёфтанро аз ин фоҷиаи миллӣ пешниҳод менамуд. Маҳз бо ҳамин хислатҳо Талбак Назаров аз тамоми роҳбарони вақти гуфтушунидҳо - чӣ аз ҷониби ҳукумат ва чӣ аз тарафи мухолифин фарқ мекард. Дарки дурусти масъала ва ҳамзамон огаҳии ҳамаҷониба аз назокати гуфтушунидҳои дипломатӣ ба ӯ зимни музокирот ва дар роҳи ба ҳусни тафоҳум расидани ҷонибҳо ба кор омад. Ӯ ба дурустии сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, ба хайрияти фарҷоми кор – тантанаи ақлу заковат ва хирад бовар дошт. Ин буд, ки ҷонибҳо муваффақ шуданд.

           Дар давоми фаъолияти Талбак Назаров базаи моддӣ-техникӣ ва нерӯи кадрии вазорат хеле мустаҳкам гардид, теъдоди намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хори

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

08.1218:30Ностальгия по СССР. Таджикистанцы тоскуют по "потерянному раю"
08.1217:44Интересные факты о Таджикистане
08.1216:25“Мамочка, я очень-очень люблю тебя!”
08.1215:43Таджикская принцесса оправдалась за свадебное платье в 40 миллионов рублей
08.1215:15Президент Узбекистана предложил сделать должность глав администраций выборной


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(2)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156294