Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

01.04.200810:09

Машварат дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 марти соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат вазъи корҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои муташаккилу вобаста ба маводи мухаддир ва омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ шуд.

Зимни машварат нахуст гузориши Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов оид ба куштори хабарнигори телевизиони Россия «Шабакаи 1»  Иляс Шурпаев дар шаҳри Москва  шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар воқеъ ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба содир намудани ин ҷиноят гумонбар дониста мешаванд, дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дастгир шудаанд. Масъалаи ба ҷониби Россия додан ё надодани онҳо аз ҷониби прокуратураҳои генералии ду кишвар баррасӣ мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷиҳати саривақт кушодани ҷиноятҳо, таъмини волоияти қонун, бо сифати баланд ба роҳ мондани даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пурзӯр намудани тартибу интизом дар сохторҳои низомӣ ва  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

26.0507:19Итоги конкурса “Китайский мост” подвели в Душанбе (фото)
25.0519:34Четверть века вместе: в Москве обсудили приоритеты работы ОДКБ
25.0517:36Праздник от Юлдуз Усмановой. Как прошел концерт в Душанбе
25.0517:01Акрамзода: Возможно, будут запущены сразу три агрегата Рогунской ГЭС
25.0515:30У задержанных в Москве членов ИГ обнаружена лаборатория по производству взрывчатки


Самое обсуждаемое

25.0518:48Мой последний 95-ый(2)
24.0520:06Крепкие рукопожатия: Трамп и Рахмон померились силами(1)
25.0507:39Таджикистан презентовал в Пекине свою национальную стратегию развития до 2030 года(1)
25.0514:18Где тонко, там и рвется... Составлена карта применения пыток в Таджикистане(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156250