Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

01.04.200815:09

Мулоқоти Президент ба мо рўҳу илҳоми тоза бахшид

            (Мусоҳибаи мухбири АМИТ «Ховар» бо директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ Шариф Тошев)

- Таассуроти Шумо аз мулоқоти Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё?

-Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунбарномаи мушаххас барои рушду нумӯи ояндаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа арзёбӣ кардан мумкин аст, чунки дар ин мулоқот тамоми намояндагони зиёиён ҳузур доштанд ва қабл аз ҳама дар суханронии хеш Сарвари давлат ҷиҳати поку бегазанд нигоҳ доштани забони миллӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ ва мавриди дуруст қарор додани забони давлатӣдар тамоми корхонаву ташкилот таъкид карданд.

Дар мулоқот ба бештари масоиле, ки имрӯз ҳалли онҳо ногузир аст, равшанӣ андохта шуд. Мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони зиёиёни мамлакат, ки ҳамасола дар арафаи иди Наврӯз баргузор мегардад, дар ҳақиқат ҳамчун тӯҳфаи наврӯзӣ ба аҳли зиё мебошад, чунки он суханронӣ ва баррасиҳое, ки дар ин мулоқотҳо мешаванд, ба ҳар як иштирокчӣ рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва ҳатто пеши онҳо вазифа мегузорад, ки барои ислоҳи камбудӣ ва он масъалаҳое, ки ҳалли онҳо мушкил аст, ҳар чи бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Ман мехостам ин ҷо нисбат ба он масъалаҳое, ки бевосита ба соҳаи китобдории Ҷумҳурии Тоҷикистон марбутанд, андешаҳои худро пешниҳод намоям.

          Дар мулоқоти имсола Президенти ҷумҳурӣ, бахусус барои рушду нумӯи соҳаҳои китобдорӣ, табъу нашр бисёр дастурҳои мушаххас додандва махсусан таъкид карданд, ки имрўз: «Китобњое бояд ба нашр расонд, ки рисолати таърихии миллатро рўшан намоянд, нерўи зењниро бедор кунанд, моро ба донишандўзию љањоншиносї бихонанд, оташи муњаббатро ба Ватан, обу хоки поки он, рамзњои муќаддаси миллї дар дили мардум барафрўзанд».

-Шумо баргузории чунин мулоқотҳоро ҷиҳати рушди соҳаҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла бахши илму фарҳанг чӣ гӯна арзёбӣ мекунед?

-Умуман, гуфтан ба маврид аст, ки дар мулоқоти имсола таваҷҷӯҳи бештар ба масъалаҳои худшиносии миллӣ, бахусус поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ, ҳифзи он ва ба таври дуруст истифода кардани он аз ҷониби шаҳрвандон таъкид карда шуд.

Тафовути мулоқоти имсола нисбат ба мулоқоти солҳои қабл боз аз он иборат буд, ки дар мулоқоти имсола Сарвари давлат ба масоили табъу нашр ва тарғиби китоб дар байни аҳолӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карданд ва масъулинро супориш доданд, ки барои таъмин намудани китобхонаҳои деҳот, шаҳру ноҳияҳо ва сари вақт чопу дастрас намудани китобҳо тадбирҳои мушаххас андешанд. Дар ҳақиқат он мулоқоти пурмӯҳтавое, ки бо аҳли зиё баргузор гардид, барои муайяну мушаххас намудани самтҳои минбаъдаи фаъолияти корию эҷодии ҳар як зиёӣ барномаи мушаххас аст ва ин мулоқот имкон медиҳад, олимони кишвар, зиёиён барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳар чї бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дар мулоқот ба масъалаи табъу нашри китобҳо махсус барои насли наврас ҷиддан таъкид карда шуд ва хушбахтона, шукри даврони соҳибистиқлолӣ, имрӯз як қатор нашрияҳои мо, аз ҷумла нашриёти ғайридавлатии «Истиқбол» барои чопу дастрас намудани китобҳои бадеии бачагона, ки аз нигоҳи ороиши полиграфӣ ҷавобгӯи талаботи стандарти ҷаҳонӣ мебошад ба як қатор муваффақиятҳои арзанда ноил гардиданд, ки ин боиси хуб гаштани ҳам сифати китобҳои чопӣ ва ҳам барои баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакон низ шароит фароҳам меорад. 

Ба назари шумо оё имрӯз замони он нарасидааст, ки чопи китобҳои ҷанбаи илмӣ - маърифатӣ доштаро барои насли наврас ба роҳ монем, зеро ин кор метавонад як навъ посухе ба пешниҳоду дастурҳои Сарвари давлатамон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар бошад? 

-Бале, шумо ин ҷо суолро дуруст ба миён гузоштед, зеро дар радифи он чӣ ки мо баён доштем, бисёр хуб мешуд агар аз ҷониби олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо дигар донишмандон барои насли навраси имрӯза ҳамон китобҳои илмӣ-маърифатӣ таҳия мегардид.

Ҳадаф аз гуфтаҳои ман ҳам аз он иборат аст, ки имрӯз дар ҳақиқат насли хурдсоли ҷумҳурӣ аз ҷиҳати таъмини адабиёти илмӣ-маърифатӣ танқисӣ мекашанд ва дар Тоҷикистон барои насли наврас ин гуна адабиёт дар ҳақиқат кам нашр шудаанд. Масалан, мо китоби «Лаъли Бадахшон» - и Рауф Баротовро агар гӯем, ки дар ҳақиқат аз нигоҳи банду баст ва фарогирии мавод ба ҳамин гуна мавод, яъне адабиёти илмӣ- маърифатӣ барои кӯдакон созгор бошад, лекин , мутаассифона китобҳое, ки бевосита барои насли имрӯзи ҷомеа, фарз кардем, барои омӯзиш, аз худ намудани боигариҳои зеризаминӣ, табиати зебои Тоҷикистон, олами набототу ҳайвонот ва умуман, он дастовардҳое, ки бевосита Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ ба онҳо соҳиб шудааст, китобҳо тамоман кам нашр шуданд. Бисёр хуб мешуд, киҳамин кор ба роҳ монда шавад, зеро кӯдакони мо қомуси бачагонаи худро надоранд ва хушбахтона, дар барномаи рушди фарҳанги љумҳурӣ масъалаи чопи дуҷилдаи ин қомус ба роҳ монда шудааст ва умед аст, ки он солҳои наздик ба табъ мерасад.

Дар радифи ин, хуб мебуд дигар намуди қомусҳо барои насли навраси Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар чї бештар таҳия гардида, мавриди истифода қарор гиранд. Ин барои шиносоии насли хурдсоли ҷумҳурӣ ба таъриху табиат ва дигар сарватҳои табии мамлакати худ мусоидат мекунад.

Асри 21 – ро асри техника ва технология унвон кардаанд ва оё имрӯз зарурати бо роҳи электронӣ пешниҳод намудани китобҳои гуногун, бахусус тозанашр ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ба миён наомадааст?

Бале, оид ба ин масъалаи имрӯз бояд олимони мо бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд ва ё шояд имкони таҳияи як барномаи махсуси компютерӣ барои чопи тамоми асарҳо ва китобҳои дарсӣ дар шакли электронӣ иқдом кунанд ва барои насли навраси ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ирсол доранд. Албатта ин намуди хизматрасонӣ ба манфиати кор буда, ҳамчунин омили асосии мутобиқ ё созгор сохтани донишу малакаи насли навраси деҳот бо замони имрӯза аст.

Ман бисёр ифтихор дорам, ки маҳз тавассути ҳамин гуна мулоқотҳо дар соҳаи китобдории ҷумҳурӣ як ҷунбиши назаррасе ба миён омад. Масалан, дар ҳар як мулоқот дар бораи қабули ин ё он қарор ё қонуни ҶТ дар бораи фаъолияти китобхонаҳо, сохтмони бинои нави китобхонаи миллӣ, дар бораи барномаи рушди фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ сухан меравад ва ин иқдом тамоми кормандони соҳаро рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва вазифадор ҳам месозад, ки аз ўњдаи ҳалли масъалаҳое, ки дар назди онҳо гузошта шудааст, ба хубӣ бароянд.

                               Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ. 

Мусоҳиб: Дилшодаи Ҷонмард. АМИТ «Ховар»

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0815:12Источник: Сайфиддин Назарзода подал в суд на телеканал «Точикистон»
23.0814:30Иди Курбон в Таджикистане отметят 1 сентября
23.0812:42В Таджикистане под запретом оказались поминальное угощение и чествование "ходжи"
23.0811:45Полковник Назаров: «Большинство убийц известных личностей Таджикистана – воспитанники одной школы»
23.0811:34Парламент принял поправки в закон о регулировании обрядов. Депутаты рекомендуют «разобраться» с артистами


Самое обсуждаемое

22.0817:25В Таджикистан приедут 30 учителей из России(8)
22.0812:18Давая нам деньги, Китай не нас подкупает, а себя защищает(1)
22.0811:38Продаем арбузы. Дорого! 100 долларов за штуку…(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312521