Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.04.200809:48

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо МБИТ густариш меёбад

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Масоили дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ дар ҷараёни мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Шӯрои мудирони Маркази мазкур Роналд Леман 9 апрел дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Роналд Леман пас аз анҷоми мулоқот андешаҳояшро ба хабарнигорон баён дошта, зикр кард, ки дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва лоиҳаҳое, ки аз тарафи Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ дар Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, муҳокима шуд.

Ӯ афзуд, ки Сарвари давлати Тоҷикистон баҳри равнақи барномаҳои ин Марказ дар Тоҷикистон идеяҳои муфид дод, ки дар рушди соҳаи илму техника манфиатноканд.

«Дар ин мулоқот маро ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Федератсияи Русия ва Япония, ки дар кори ин марказ нақши намоён доранд, ҳамроҳи намуданд ва онҳо низ ба сармоягузории лоиҳаҳои дахлдори соҳа дар Тоҷикистон ҳавасманданд. Аз ҷумла Канада омодааст, ки якчанд лоиҳаҳоро сармоягузорӣ кунад ё Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, ки дар якҷоягӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико лоиҳаҳои ҷадидро баҳри рушди соҳаи илму техника дар Тоҷикистон амалӣ гардонанд», - идома дод Роналд Леман.

Ҳамчунон узви Шӯрои мудирони Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ (ШМ МБИТ) аз Федератсияи Русия Любовь Кондратенькова гуфт, ки мо дар доираи санадҳои ин Марказ ҳамкориро бо Тоҷикистон вусъат дода, якҷоя лоиҳаҳои навро, бахусус дар соҳаи экология амалӣ ҳоҳем кард.

Узви дигари ШМ МБИТ аз Иттиҳоди Аврупо Зоран Стансик зикр кард, ки пазироӣ ва мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо узвияти МБИТ худ далели густариши минбаъдаи муносибатҳои тарафайн мебошад. «Тавре маълум аст, аз соли 2004 ин ҷониб байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расидааст ва муҳимтарин самти ин созишнома ҳамкорӣ дар соҳаи илму техника мебошад», - тазаккур дод Зоран Стансик.

«Дар ҷараёни мулоқот бо ҷаноби Президент сафари ӯ ба Япония самти вусъатбахшандаи ҳамкориҳои дуҷониба маънидод шуд. Япония дар доираи санадҳои МБИТ ҳамкориро бо Тоҷикистон давом дода, дар барномаҳои илмию техникии он ширкат мекунад», - чунин гуфт узви ШМ МБИТ аз Япония Йун Йанаги.

Виктор Алесси узви дигари ШМ МБИТ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико равобити Тоҷикистонро дар доираи МБИТ бо ИМА дар сатҳи муносиб арзёбӣ карда, қайд кард, ки дурнамои густариши Тоҷикистон ба рушди соҳаи илму техника марбут аст ва аз ин хотир дар Тоҷикистон бояд илм дар самтҳои экология, тандурустӣ, энергетика, технология ва амсоли инҳо тараққӣ кунад ва мо омода ҳастем, ки дар ин самтҳо бо Тоҷикистон ҳамкориро вусъат диҳем.

Ҳамзамон, иҷрокунандаи вазифа ва муовини аввали директори МБИТ Сергей Воробьев ва узви ШМ МБИТ аз Канада Трой Лулашник низ мӯътакид бар онанд, ки ҳамкориҳоро бо аъзоёни ин Марказ густариш дода, дар самтҳои мухталифи марбут ба соҳа лоиҳаҳои муштаракро мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, ки дар зарфи 5 соли узвияти Тоҷикистон ба ин Марказ дар ҳамкорӣ бо он наздики 50 лоиҳаю барномаҳои илмӣ татбиқ шудаанд. Дар татбиқи онҳо беш аз 6 миллион доллари ИМА сарф шудааст ва ин имкон фароҳам овард, ки беш аз 300 нафар олимони тоҷик фаъолияти илмию тадқиқотии худро пурсамар намоянд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0211:55Страдающий от лавин Таджикистан получил 40 тонн гумпомощи из России(1)
25.0209:34Ситуация на горных дорогах Таджикистана, — Минтранс(1)
25.0208:30Президент подписал ряд законов(1)
25.0207:53У американки взорвался iPhone 7 Plus
25.0207:21СМИ ГБАО: Миссия пока невыполнима


Самое обсуждаемое

24.0207:00Ташкент объяснил – почему отказался принять рейс из Душанбе(4)
24.0210:15Денежные переводы мигрантов из России равны трети ВВП Таджикистана(2)
25.0211:12Школ мало, детей много: дальше тотальная безграмотность?(1)
24.0213:38Готовы ли Вашингтон и Лондон отказаться от захваченных территорий?(1)
25.0208:30Президент подписал ряд законов(1)
04.0114:59Обнародован список имущества проблемных банков Таджикистана(1)
25.0211:55Страдающий от лавин Таджикистан получил 40 тонн гумпомощи из России(1)
25.0209:34Ситуация на горных дорогах Таджикистана, — Минтранс(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156262