Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.04.200809:48

А. Раҷабов«Тоҷикистон ба гузариш ба ҳуруфоти ниёгон зарурат надорад»

             Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Хат дар қатори забон, фарҳанг ва тамаддун як рукни муҳими муқаддасоти миллӣ ва соҳибихтиёрии ҳар ҳалқу давлат буда, дар таҳкимипояҳои давлатдорӣ ва ташаккули миллат нақши муассир мегузорад.

Тоҷикон аз қадимулайём ҳамчун миллати дорои тамаддуни бузург ва фарҳангу таърихи бою пурғановат соҳиби хат ва забони нобу шево буданд ва то имрӯз барои ҳифзи асолати тамаддуни хеш саъю талош менамоянд.

Аз даврони нахустин давлати тоҷикон дар аҳди Сомониён то соли 1927 дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза алифбои арабӣ истифода мешуд. Аз соли 1927 то соли 1940 дарТоҷикистон чун ҷумҳуриҳои дигари собиқи Шӯравӣ алифбои лотинӣ ҷорӣ гардид. Аз соли 1940 мардуми тоҷик пурра ба ҳуруфоти кириллӣ гузашт. Имрӯз баъзе равшанфикрон ва донишмандони тоҷик чунин мешуморанд, ки гузариш ба хатифорсӣ яке аз рукнҳои асосии соҳибихтиёрии Тоҷикистон аст ва ин масъала зимни мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар баррасӣ гардида буд.

Мухбири АМИТ «Ховар» дар ин мавзӯъ бо доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шӯъбаи таърихи маданият ва санъати Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Аскаралӣ Раҷабов ҳамсӯҳбат шуд. А. Раҷабов зикр кард, ки Тоҷикистон дар шароити кунунӣ ба гузариш ба алифбои ниёгонна зарурат дорад ва на имконият. Зеро барои амалӣ гардонидани ин мақсад ҷомеаи Тоҷикистон омода нест ва барои ин пеш аз ҳама заминаи мустаҳками иқтисодӣ лозим аст, то Тоҷикистонро ба гузариш ба хати ниёгон омода сохт.

Ҳамзамон мавсуф зикр кард, ки бояд аз кӯдакистонҳо, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишгоҳҳо сар карда, соатҳои омӯзиши алифбои ниёгонро зиёд кард. Китобҳои дарсие, ки дар мактабҳо барои аз бар кардани алифбои ниёгон истифода мешаванд, ҷавобгӯи талабот нестанд. Бояд дар ин самт шумора, маҳорати касбӣ ва таҷрибаю дониши омӯзгорони алифбои ниёгонробаланд бардошт. Хуб мешуд, ки дар ин масъала Вазорати маорифи ҷумҳурӣ барномаи мушаххасро таҳия ва амалӣ мекард.

Бояд зикр кард, ки якбора бидуни омодагӣгузариш ба хати ниёгон оқибати хуб надорад ва мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд меорад. Бояд он ба таври муттасил ва тадриҷан бо назардошти вазъ ва дурнамои иқтисодиёти кишвар сурат бигирад. Зеро таҷрибаикишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ шаҳодат медиҳад, ки дар мавриди гузариш ба хати дигар ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ гардиданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0211:55Страдающий от лавин Таджикистан получил 40 тонн гумпомощи из России(1)
25.0209:34Ситуация на горных дорогах Таджикистана, — Минтранс(1)
25.0208:30Президент подписал ряд законов(1)
25.0207:53У американки взорвался iPhone 7 Plus
25.0207:21СМИ ГБАО: Миссия пока невыполнима


Самое обсуждаемое

24.0207:00Ташкент объяснил – почему отказался принять рейс из Душанбе(3)
24.0210:15Денежные переводы мигрантов из России равны трети ВВП Таджикистана(2)
25.0211:12Школ мало, детей много: дальше тотальная безграмотность?(1)
04.0114:59Обнародован список имущества проблемных банков Таджикистана(1)
25.0211:55Страдающий от лавин Таджикистан получил 40 тонн гумпомощи из России(1)
25.0209:34Ситуация на горных дорогах Таджикистана, — Минтранс(1)
24.0213:38Готовы ли Вашингтон и Лондон отказаться от захваченных территорий?(1)
25.0208:30Президент подписал ряд законов(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156250