Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.04.200809:48

Бенита Ферреро- Валднер«Ҳамкории қавии мо нишондоди ояндаи дурахшон ва боэътимоди ҳар ду қитъа мебошад»

    (Андешаҳои Узви Комиссияи Аврупо, масъули алоқаҳои беруна ва сиёсати ҳамсоягии Аврупо Бенита Ферреро- Валднер)

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). Ҳамкории қавии Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ояндаи дурахшон ва боэътимоди ҳарду қитъа мебошад. Минтақаи мазкур, ки дар буриши роҳҳои байни Афғонистон, Чин ва Русия ҷойгир шудааст, ва бо ҳамсояҳои мо дар Қафқози Ҷанубӣ алоқаҳои зич барқарор кардааст, барои амният ва беҳбудии Аврупо аҳамияти бузург дорад. Дар айни ҳол, Аврупо низ ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳодоти зиёде дорад: Иттиҳоди Аврупо (ИА) шарики муҳимтарини минтақа дар соҳаи савдо буда, яке аз истеъмолкунандаи асоситарини захираҳои энергетикии он аст.

Дар тӯли ин ҳафта ман ва ҳамкоронам аз ИА бо вазирони корҳои хориҷаи минтақа дар шаҳри Ашқобод барои баррасии масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дидор мекунем. Дар чорчӯбаи Дурнамои нави ҳамкориҳои ИА оид ба Осиёи Марказӣ мо оид ба тақвияти муносибатҳо бо минтақа бо диққати тамом кор мебарем. 
Таъминоти минтақаи аз ҷиҳати сиёсӣ тасбит, аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқудрат, демократӣ, равнақёфта ва осоишта бар манфиати умум аст. ИА метавонад бо роҳҳои гуногун бар раванди тараққиёт дар минтақа кӯмаки худро расонад. ИА барои марҳилаи солҳои 2007-2013 кӯмаки молиявии худро ду маротиба меафзояд, ки он 750 миллион Евроро ташкил медиҳад. 
Мамлакатҳои узви ИА бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои гуногун - аз мубориза алайҳи касалии ВНМБ/ АНМБ то таъмин намудани оби тозаи нушокӣ - муносибатҳои шарикии дутарафа барқарор мекунанд. Мо кӯмаки хешро барои баланд бардоштани сатҳи иқтидори Хукуматҳои шумо дар ташаккул додани бизнеси хурд, инчунин дар бунёд намудани алоқаҳо байни ҳокимияти расмӣ ва соҳаи хусусӣ пешкаш мекунем - ин танҳо яке аз роҳҳои саҳмгузорӣ ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини ислоҳоти тадриҷии иқтисодӣ дар минтақа мебощад. Мо ба дигаргунсозии иқтисодиёт тавассути баланд бардоштани сатҳи ихтисоснокии мутахассисони маҳаллӣ ва пурқудрат сохтани имкониятҳо дар соҳаҳои илм, технология ва навовари кӯмаки хешро мерасонем.

Бо мавқеи Ҳукумати шумо оид ба он, ки маориф масъалаи муҳимтарин барои пеш рафтани иқтисодиёт ва равнақ ёфтани мамлакат аст, комилан розиям. Айнан барои ҳамин мо ба донишҷӯёни Осиёи Марказӣ барои таҳсилот дар Иттиҳоди Аврупо имкониятҳои васеъ фароҳам меоварем. Барномаи «Эрасмус Мундус» ба донишҷӯёни Осиёи Марказӣ барои таҳсил намудан дар Иттиҳоди Аврупо маблағ ҷудо менамояд ва мо то ҳол тавонистем бо садҳо макотиби олӣ алоқа барпо намоем. Нақша дорем то алоқаи васеи Интернетро барои ҷомеаҳои тадқиқотӣ ва маорифӣ таъмин созем.

ИА сатҳи иштирок ва фаъолияти хешро дар Осиёи Марказӣ баланд мебардорад, зеро ҳанӯз ҳам дар ин минтақа соҳаҳои муҳим кам нестанд. Масъалаи қочоқи афюн аз Ҷумҳурии Афғонистон на танҳо мушкилоти минтақа аст, балки он барои кишварҳо, ки тавассути қаламрави онҳо маводи мухаддир вориди бозорҳои аврупоӣ мегарданд, проблемаи ҷиддӣ гардидааст. Мо ба таври қатъӣҷонибдори муттаҳид сохтани ҳамаи сохторҳо ҷиҳати ҳифзи марзу бум бо мақсади мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир мебошем.

Зиёда аз 90 фоизи маблағҳои Барномаи идора намудани марзу бум дар Осиёи Марказиро (БОМКА) Комиссияи Аврупо таъмин менамояд. Ҳифзи самараноки гузаргоҳҳои марзӣ ва нуқтаҳои савдои наздимарзӣ ба он мусоидат мекунад, ки ҳамкориҳои кишварҳои ҳамсарҳад боз ҳам ривоҷу paвнақ ёбад.

Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин хостори густариши муносиботи худ бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи бахши энергетикӣ аст ва мо боварии комил дорем, ки кишварҳои минтақа дар ин доира нақшаи муҳимеро тарҳрезӣ хоҳанд кард. Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки таҷрибаи хешро дар масъалаи коркард ва истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ ба кишварҳои минтақа пешниҳод намояд.

Мусоидат ба рушди демократия, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун аз самтҳои дигари фаъолияти Иттиҳоди Аврупо мебошад ва мо умедворем, ки кӯмаки хешро дар раванди ислоҳот дар ин бахш низ расонида метавонем. Интихоб гардидани Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҳайси раиси Маҷлис дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) барои ҳалли баъзе мушкилоти минтақа имконияти воқеӣ фароҳам меоварад.

Умеди онро дорам, ки вохурӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Сарвари давлати Тоҷикистон ва роҳбарони дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки тӯли ин ҳафта доир мегарданд, барои ривоҷу равнақи ҳамкориҳои гуногунсоҳа ва рушди бахшҳои ҳаётан муҳими минтақа мусоидат мекунад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

07.1219:56Дилфуза - гроза чиновников вышла на свободу
07.1218:18Похитители требовали за освобождение подростка 100 тысяч долларов
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию
07.1214:14В Таджикистане через пять часов после похищения освобожден ребенок
07.1213:31НБТ связывает низкий уровень доверия к банкам с их недостаточной прозрачностью


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(5)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156192