Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.04.200809:48

Чаро нархи орд, равған ва гӯшт қиммат шуд?

            Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). - Имрӯзҳо баланд шудани нарху навои маводи хӯрока, аз ҷумла орд, равған ва гӯшт дар бозорҳои ҷумҳурӣ мардумро ба ташвиш овардааст. Дар семоҳаи аввали соли 2008 дар мамлакат нархи миёнаи як кило гӯшт 28 фоиз, як литр шир 39 фоиз ва орд 15 фоиз боло рафта, баракс нархи баъзе маҳсулоти дигар, аз қабили тухми мурғ 26,7 фоиз, макарон - 5 фоиз, сабзӣ - 15 фоиз ва картошка 4 фоиз коҳиш ёфтааст. Нархи хи биринҷ, шакар, гӯшти мурғ ва чой бошад, бетағйир монданд.

Тавре дар сӯҳбат сухангӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурҷон Расулов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, баландшавии нархи гӯшт аз нимаи дуюми моҳи марти соли ҷорӣ ба мушоҳида мерасид. Айни замон нархи як килограмм гӯшти гов то ба 18 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанду буз то 20 сомонӣ мерасад.

Яке аз сабабҳои афзоиши зудани нархи гӯшт, тибқи маълумоти расмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин сардии фасли зимистон мебошад, ки ба соҳаи чорводорӣ зарари калон расонидааст. Аз ҷумла, талафот ва забҳи чорво дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба миқдори 5611 сар чорвои калон ва 83965 сар гӯсфанду бузро ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаи истеҳсоли гӯшт дар ҷумҳурӣ дар соли 2007 нисбат ба соли 2006 ба андозаи 6,3 фоиз барзиёд таъмин шуда бошад, ҳам он ба сари ҳар як шаҳрванд камтар аз 17 килиграм рост омада, боқимонда талабот асосан аз ҳисоби воридот қонеъ мешавад.

Дар баробари баланд шудани нархи гӯшт дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи фурӯши як килограмм орди навъи олӣ дар моҳи март аз 2,25 то 2,40 сомонӣ ва орди навъи якум аз 2,05 то 2,30 сомонӣ афзудааст. Яке аз сабабҳои баландшавии нархи орд дар он аст, ки дар ду моҳи соли 2008 нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 воридоти он ба миқдори 20,5 фоиз камтар ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми умумии воридоти орд дар ҷумҳурӣаз 98,4 то 78,2 ҳазор тонна кам шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар моҳҳои январ – феврали соли равон ҳаҷми умумии бозори орд дар ҷумҳурӣ ба миқдори 156,4 ҳазор тоннаро ташкил додааст (воридот ва истеҳсолот). Мувофиқи меъёри физиологи истеъмолии маводи озуқа ба сари ҳар нафар аҳолии ҷумҳурӣ дар як моҳ ба андозаи 11,41 килограм орд ва маҳсулоти нонӣ рост меояд. Аз рӯи ҳисобҳо дар ду моҳи соли равон барои таъминоти аҳолии ҷумхурӣ бо орд ва маҳсулоти нонӣ 164,6 ҳазор тонна зарур аст.

«Омили асосии болоравии нархи фурӯши орд ин ба кам ворид шудани он ба ҷумҳурии мо вобастагӣ дорад. Афзудани нархи фурӯши орд, сӯзишворӣ ба сатҳи нархи фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум таъсири манфии худро мерасонад»,- гуфт дар хотима Ғ. Расулов.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

29.0515:00Даешь таджикское гражданство?! Нет, не даешь…
29.0514:44В Таджикистане все еще кто-то верит банкам
29.0514:17На Нурекскую ГЭС доставили мощный трансформатор из Турции
29.0513:57Шавкат Мирзиёев поедет в США и встретится с Трампом
29.0513:47Rolls-Royce представил самый дорогой новый автомобиль в мире


Самое обсуждаемое

27.0509:37Атлантисты продолжают «играть» в войну(4)
27.0513:29Путин обсудил Сирию и экономическое сотрудничество с президентом Ирана(3)
27.0517:45Рамазан: где провести ифтор в Душанбе(2)
29.0509:56Национальная стратегия развития РТ до 2030 года состыкуется с китайской инициативой «Один пояс, один путь»(1)
27.0509:29Саудовская Аравия предоставила Таджикистану 50 тонн хурмы(1)
29.0507:18Комроншох Устопириён – двукратный чемпион Азии(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00