Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы



Аренда биотуалетов
Аренда туалетных кабин

Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.04.200809:48

Дар пойтахт нархи гӯшт ва орд паст карда мешавад

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки соҳибкорони пойтахт, ки ба фурӯши гӯшт ва маҳсулоти гӯшти шуғл доранд, машварат гузаронд.

Дар он раисони ноҳияҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати давлатии эпидемиологӣ, санитарию бойторӣ, раисони кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ, кормандони соҳаи савдо ва тиҷорати пойтахт ширкат варзиданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз болоравии нарх дар бозорҳои пойтахт изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки инсоният бозорро барои таъминотирӯзгори худ ташкил намудааст ва он набоядба манфиати як нафареё гурӯҳи одамонистифода бурда шавад.

Баҳри ташкили рақобати солим, ки дар интиҳо ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ҳифз гашта бошад, Маҳмадсаид Убайдуллоев зери кафолати шахсии худ эълон дошт, ки дилхоҳ субъектҳои хизматрасон имкон доранд унвонии шаҳрдорӣ ҷиҳати ташкили нуқтаҳои савдои муосир барои фурӯши молҳои истеъмолӣ муроҷиат кунанд.

Ба хадамоти гумрукии шаҳр дастур дода шуд, ки баҳри воридоти бештари гӯшту маҳсулоти гӯштии босифат тамоми шароити гумрукӣ фароҳам оварда, дар бораи воридоти маҳсулоти ниёзи мардум дар пойтахт унвонии шаҳрдорӣ ҳар рӯз ахбороти расмӣ ирсол намояд.

Зимни баррасии паҳлӯҳои мушаххаси масъалаи истеҳсол, воридот ва арзиши аслии маҳсулот бо назардошти андешаҳои соҳибкорон чунин тавсия гардид, ки аз 9 апрели соли 2008 дар тамоми бозорҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо гӯшти гов- 16 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд -18 сомонӣ ва як халта орди навъи якум – 115 сомонӣ ба фурӯш бароварда шавад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0615:26Тысячи мусульман в России участвовали в праздничном намазе. 2 ВИДЕО
24.0616:50Совет улемов: "идгардак" противоречит шариату и ханафитскому мазхабу
24.0615:37В Таджикистане госслужащим велели выйти в Иди Рамазон на работу
24.0614:34Совет улемов Таджикистана выступил против «идгардак»
24.0613:10Сотрудники аэропорта Душанбе сделали подарок жителям столицы(1)


Самое обсуждаемое

24.0613:47Путин рассказал о связи своей работы в КГБ с нелегальной разведкой(2)
24.0613:10Сотрудники аэропорта Душанбе сделали подарок жителям столицы(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156262