Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.04.200814:48

Хайринисо Юсуфӣ«Духтароне,ки бо квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд вазифадор мешаванд ба ноҳияҳояшон баргарданд!»

             Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-«Донишҷӯдухтароне, ки бо квотаи Президентӣ дар Донишгоҳу Донишкадаҳои олии мамлакат таҳсил мекунанд, минбаъд вазифадор мешаванд, ки ба ноҳияҳояшонбаргарданд»- таъкид дошт 10 апрел зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ.

Ба гуфти Хайринисо Юсуфӣ, минбаъд бо донишҷӯдухтароне, ки бо квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, шартномаи «сетарафа»баста мешавад. Ин шартнома байни мақомоти маҳаллӣ, Донишгоҳ ва оилаҳои донишҷӯдухтаронбаста шуда, дар сурати барнагаштан ба макони зист, донишҷӯдухтар вазифадор мешавад маблағи таҳсил дар донишгоҳро ба давлат баргардонад.

Хайринисо Юсуфӣинчунин иброз дошт, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дастгирӣ ва пуштибонии духтароне, ки бо квота таҳсил мекунанд, силсила- вохӯриҳо ва озмунҳо доир менамояд. Аз ҷумла моҳҳои феврал - марти соли равон дар доираи иди Бонувон-8 март дар хобгоҳҳои умумии донишгоҳҳои давлатии миллӣ, тиббӣ, техникӣ, аграрӣ, забонҳо, омӯзгории Тоҷикистон ва хобгоҳи ятимдухтарони назди Кумита ва хобгоҳҳои умумӣсилсилаи вохӯриҳо ва озмуни «Ошиёни меҳр»-ро доир намуд. Мақсади баргузории вохӯриҳои мазкур ва гузаронидани даври аввали озмуни «Ошёни меҳр»баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносии духтарон дар ҷараёни таҳсил, фарҳанги хонадорӣ, омӯзиши суннатҳои ниёгон ва тозагии муҳити зист, ҷалб намудан ба риояи тартибот, тозагӣ, одоби муошират, беҳдошти худидоракунӣ, мустақилият ва муносибати эҳтиёткорона доштан нисбат ба амволи ҷамъиятиву шахсӣ буд.

Источник: ИА "ХОВАР"
1.0
- всего оценок (1)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0217:35"Его задушили и потом повесили". Родные Азизмада Юсупова не верят в версию о его самоубийстве
24.0217:08Рамазон Мирзоев: в своей книге открыто рассказал о событиях 90-х. ВИДЕО
24.0211:33Житель Худжанда подозревается в убийстве своего отца
24.0211:23Правительство Узбекистана одобрило открытие 100 КПП на границе с Таджикистаном
24.0209:42Агентство госслужбы хлопочет об увольнении чиновника, оскорбившего прихожан мечети


Самое обсуждаемое

23.0208:03В Узбекистане арестован бывший генеральный прокурор Рашид Кадыров(1)
22.0216:34Девять рекомендаций Озоды Рахмон Генпрокуратуре Таджикистана(1)
23.0210:39В Душанбе водитель сбил насмерть двух детей(1)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312497