Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.04.200809:49

Мулоқоти Сарвари Давлат бо Бенита Ферреро-Валднер

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба робитаҳои хориҷӣ Бенита Ферреро-Валднерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он баррасӣ шуд.

«Мо азм дорем, ки ҳамкории худро бо Иттиҳоди Аврупо инкишоф диҳем, аз ин хотир ҳадафҳои Стратегияи Иттиҳоди Аврупоро оид ба Осиёи Марказӣ мо хуш пазируфтаем», - изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Бенита Ферреро-Валднер аз бўҳрони энергетикӣ ва озуқавории зимистони гузашта дар кишвари мо ёдовар шуда, таъкид дошт, ки Иттиҳоди Аврупо омода аст минбаъд низ барои бартараф намудани чунин мушкилот ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз кунад. Ў ҳамчунин изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳамкориҳои энергетикӣ омода аст, дар Тоҷикистон бунёди нерўгоҳҳои хурди обӣ ва дигар иншооти камҳаҷми инфрасохториро маблаѓгузорӣ карда, ба рушди деҳот мусоидат намояд.

Ҷонибҳо дар бораи татбиқи амалии Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, Барномаи аврупоии идораи сарҳадот (БОМКА ва КАДАП) ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, маориф, фарҳанг ва рушди соҳибкории хусусӣ гуфтугўи судманд анҷом доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афѓонистон, мубориза бо гардиши гайриқонунии маводи нашадор ва мушкилоти вобаста ба минаҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Узбекистон табодули назар карда шуд.

Хотиррасон бояд кард, ки мутобиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ дар солҳои 2007-2010ба Тоҷикистон 66 миллион евро ҷудо мегардад. Ҳамчунин қобили зикр аст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо аз соли 1992 ин ҷониб баҳри дастгирии рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 500 миллион евро кўмак расонда шудааст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

19.0121:33Таджикистан ищет альтернативные маршруты для трудовой миграции
19.0118:46Чья "Коровка"? Душанбе поставил точку в споре российских и украинских кондитеров
19.0116:01Житель Душанбе решил «раскрутиться» за чужой счет
19.0115:24С «Талибаном» нужно договариваться. Другого выхода нет?
19.0115:09На малой родине Мирзияева строят "Белую мечеть"


Самое обсуждаемое

18.0115:40Сказ о том, как после таджикского суда я непатриотом и нетаджиком стал(8)
18.0106:31Рустам Эмомали будет управить столицей из Дворца президента(6)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(5)
18.0112:16У женщин нет души — утверждают ханжи(2)
18.0119:57Начальник Генштаба таджикской армии погиб в аварии в Душанбе(2)
19.0109:40Новый глава Минздрава - о проблемах таджикской медицины(1)
19.0109:59В Таджикистане погиб начальник Генштаба(1)
19.0115:46В Душанбе увековечили память Сухроба Шарипова(1)
19.0117:1345% россиян недовольны положением дел в стране(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156309