Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.04.200809:48

Мулоқоти Сарвари Давлат бо зиёиён ҳамовозии амиқ пайдо мекунад

(Мусоҳибаи хабарнигори АМИТ «Ховар» Дилшодаи Ҷонмард бо Сардори Роёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назриев.)

- Таассуроти шумо ҳамчун иштирокчии бевоситаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли зиё аз ин вохӯрӣ?

- ВохӯриҳоиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои гуногуни ҷомеа ба анъанаи хубе табдил ёфтааст, ки мулоқот бо аҳли зиё дар арафаи ҷашни Наврӯз аз ҳамин қабил аст.Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқоти худ низ суханронии пурмӯҳтавое дошт ва ҳам дар баромадаш ва ҳам ҳангоми муколама бо иштирокдорони мулоқот дар бораи ҳаллу фасли чандин мушкилот супоришу дастурҳо дод.

           Чун кору фаъолияти мо бештар дар самти ҳамкорӣ бо расонаҳои гуногуни хабарӣ равона шудааст, мехоҳам ин ҷо дар бораи мавқеъгирии бархе аз ин расонаҳо ва баҳодиҳии онҳо нисбат ба баргузории ин ё он чорабинии муҳими сиёсӣ дар кишвар сӯҳбат намоям, аммо қабл аз ибрози андешаи худ бамаврид аст, ки дар ин маврид порае аз суханони Сарвари давлатро, ки дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат баён дошта буд,ин ҷо дарҷ намоем: «ҳақиқатро гуфтан зарур аст, вале танқид бояд дар заминаи таҳлили ҷиддӣ ва далелҳои боэътимод сурат гирад. Боз мегӯям, ки мардуми Тоҷикистон аз аҳли қалам танҳо сухани созандаро интизор аст. Чунонки файласуфи бузурги Чин Конфутсий мефармояд: «То ҳазор бор «зулмат» гуфтан, беҳтараш як маротиба шамъ барафрӯз».

           Воқеан, ин гуфтаҳои Президенти мамлакатамон қобили дастгирианд, зеро мо борҳо шоҳиди он гаштаем, ки баъзе аз расонаҳо, аз ҷумла ҳафтаномаҳои хусусии бо ном «ҳақиқатнигор» бо чопи маводи таҳқиромез ва беасоси худ ба паси задании обрӯ ва эътибори шахсиятҳои шинохтаи кишвар даст мезананд. Дар ин бора низ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқоти худ бо аҳли зиё таъкиди саривақтӣ карда буд: «…расонаҳои хабарӣ набояд тамоюли низоъангезӣ, маҳалгароӣ, тафриқаандозӣ, таҳқири шахсиятҳои хизматнишондодаро пеш гиранд, аз чопи маводҳое худдорӣ намоянд, ки боиси рӯҳафтодагӣ ва навмедии мардум гардида, вазъи ҷомеаро ноором месозанд… мутаассифона, гоҳо дар воситаҳои ахбори умум маводҳое интишор мешаванд, ки аз бемасъулиятӣ, кӯтоҳназарӣ ва беандешагии муаллифон ва ноширон шаҳодат медиҳанд».

Дар матбуоти даврии ҷумҳурӣ низ вобаста ба фаъолияти иштирокдорони мулоқот, яъне зиёиён ва раванди масъалагузории онҳо суханҳои интиқодӣ бисёр буданд. Дар баъзе мавридҳо то андозае бо андешаҳои муаллифони ин мавод розӣ шудан мумкин аст, зеро масъалагузорӣ дар мулоқот бо Роҳбари давлат бояд дар сатҳи хеле баланд сурат бигирад. Ба андешаи ман, бисёр хуб мешуд, агар зиёиёни мо бо истифода аз чунин имконият ба масъалаҳои миқёсан умумимиллӣ ва умумидавлатӣ рӯ меоварданд, вақти ҷудошударо бисёр самаранок истифода мебурданд. 

-Шумобаргузориичунинмулоқотҳороҷиҳатирушдисоҳаҳоимухталификишвар, азҷумлабахшиилмуфарҳангчӣгунаарзёбӣмекунед?

- Ҳар як мулоқоти Президент тавассути тартиб додани нақшаҳои корӣ, таҷдиди назар кардан аз усулу муносибатҳо нисбат ба ҳалли масъалаҳо, ҳатто ворид кардани тағйироту иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ аз тарафи сохторҳои марбутаи давлатӣ пайгирӣ карда мешавад. Пас аз ин мулоқот ҳам бо мақсади амалӣ кардани супоришу дастурҳои Роҳбари давлатчораҳои зиёде амалӣ хоҳанд шуд. Яъне, зарурати чунин мулоқотҳо баҳснопазир буда, ба рушди ҷомеа таъсири мусбӣ расонида метавонанд.

Ҳамасола дар арафаи Наврӯз мулоқот оростани Сарвари давлат бо зиёиён бесабаб нест. Ҷумҳурӣ ба дастгирии аҳли зиё, пешниҳоди идеяҳои нав, мусоидат кардани онҳо дар пешрафти ҷомеа, рушди илму техника, рӯ овардан ба технологияи нав ва таҳким бахшидан ба нумӯи иқтисоди кишвар ниёзи калон дорад. Ягон кашфиёте намекунем, агар бигӯем, ки дар ҷаҳони муосир бе ҳаллу фасли чунин масъалаҳо мустаҳкам кардани мавқеи худ душвор аст. 

- Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар бобати ҳамкории олимони мо бо ҳамтоёни хориҷии худ чӣ корҳоро ба субут мерасонад?

- Имрӯз муассисаҳои илмӣ ва таълимии мо метавонанд бевосита бо ҳамкасбони хориҷиашон муносибату ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монанд. Баъзе вазорату муассисаҳо, Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва иддае аз муассисаҳои таълимиамон бо муассисаҳои ҳаммонанди хориҷӣ дар бораи рушди ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, тайёр кардани кадрҳо, табодули мутахассисон силсилаи шартномаҳо низ ба имзо расондаанд.

Аз ҷониби худ, Вазорати корҳои хориҷӣ низ ҳавасманд аст, ки чунин муносибатҳо доираи васеътар ва мавзӯъҳои бештарро дар бар бигиранд. Вазорат ба ҳамаинамояндагиҳои дипломатии мо дар хориҷа супориш додааст, ки бо доираҳои илмӣ ва фарҳангии кишвари иқомат, олимону эҷодкорони алоҳида ҳамкориизич дошта бошанд, миёни онҳо ва олимону аҳли фарҳанги мо робита барқарор кунанд.Мо боварӣ дорем, ки чунин ҳамкориҳоба пешрафти илму фарҳанги мо кӯмаки ҷиддие расонда метавонанд.

Аз дигар ҷиҳат ҷумҳурии мо ба сифати давлати соҳибистиқлол ба дастгирии иттилоотӣ ниёзи бештар дорад. Дар баробари ин баъзе зуҳуроти манфиеро, ки мақсад аз онҳо шояд халал ворид кардан ба нуфузи кишвари мо бошад, пешгирӣ кардан зарур аст. Масалан, дар матбуоти хориҷӣ ва саҳифаҳои интернетӣ баъзан маводе ба табъ мерасанд, ки тавассути онҳо муаллифон таърихи моро таҳриф карданӣ мешаванд, дастовардҳои моро зери шубҳа мегузоранд. Яке аз мақсадҳои дигари ин ҳамкориҳоон аст, ки олимону хабарнигорон ва дигар зиёиёни хориҷии бо халқу диёри мо шинос бобати тарғиби кишвари мо, аз ҷумла таъриху фарҳанг ва анъанаҳои қадимаву имрӯзаи мардум, ҳаётиимрӯза, имконияту захираҳои табиии он ва дар маҷмӯъ офаридани симои мусбии Тоҷикистон мусоидат кунанд.

Ташаккур барои сӯҳбат.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

06.1218:15Узбекистан отменяет визы для туристов из 27 стран
06.1215:55Афганистан проведет расследование связей талибов с Россией и Ираном
06.1215:50В Душанбе вынесен приговор троим мужчинам, убившим и расчленившим женщину
06.1215:479 лет тюрьмы за неудачный "киднеппинг"


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(4)
06.1209:18Эмомали Рахмон обратится с посланием парламенту Таджикистана до нового года(1)
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00