Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.04.200814:48

С. Хайруллоев«Барқарор сохтани роҳи ҳавоии Душанбе-Деҳлӣ ба манфиати ҳар ду давлат аст»

             Душанбе, 10 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Халқҳои тоҷику ҳинд аз қадимулайём муносибатҳои деринаи таърихӣ ва илмию фарҳангӣ доранд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев зимни мулоқот бо ҳайати намояндагони парлумони Ҳиндустон, ки таҳти роҳбарии намояндаи Маҷлиси Лок Сабҳаи ин кишвар Саид Шоҳнавоз Ҳусейн ба Тоҷикистон омадааст дар бораи аҳамияти тадбирҳои густариш додани муносибатҳои ҳар ду кишвар сухан ронд.

С. Хайруллоев ба меҳмонон доир ба фаъолияти палатаи поёниипарлумони Тоҷикистон маълумот дода гуфт, ки дар тӯли 8 соли охир аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 1000 қонун қабул карда шуд, ки нақши онҳо дар рушди соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ муҳим аст. Фаъолияти Комиссияи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Ҳиндустон намунаи барҷастаи тақвияти ҳамкории парлумонҳоиҳар ду давлат аст. С. Хайруллоевинчунин роҷеъ ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон сухан ронда, барқарор намудани хатсайри мустақими ҳавопайморо байни шаҳрҳои Душанбе- Деҳлӣ ва сохтмони роҳи автомобилиро тавассути Бадахшони Тоҷикистон ба манфиати ҳар ду давлат арзёбӣ кард.

Намояндаи парлумони Ҳиндустон Саид Шоҳнавоз Ҳусейн нақши парлумони Ҳиндустонро дар рушди иқтисодиёт, волоияти қонун ва демократикунонии ҷомеаи кишварашмуҳим арзёбӣ кард. Ӯ ҳамзамон зикр кард, ки бояд сатҳи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Ҳиндустон беш аз пеш тавсиа ёбад.

Дар мулоқот роҳу усулҳои дигари тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.0909:08В Согде пресечена контрабанда дорогой иномарки
21.0919:34«Сотрудники Агентства ели плов и тайно снимали гостей на видеокамеру»(1)
21.0913:46Полиция усилила охрану больницы, где находится гражданин Таджикистана. Он уже в палате
21.0913:03Похороны без громких причитаний
21.0911:43Пассажирка похитила у водителя 2,5 млн. российских рублей


Самое обсуждаемое

21.0908:50Избитый охранниками ТЦ "Москва" таджик скончался(2)
21.0911:32Избитый охранниками ТЦ «Москва» таджикский мигрант жив, — миграционная служба(1)
21.0919:34«Сотрудники Агентства ели плов и тайно снимали гостей на видеокамеру»(1)
21.0910:03МВД Таджикистана опубликовало  список студентов, которые  приезжали на занятия на собственных автомобилях(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312526