Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.04.200812:48

Таваҷҷӯҳи хосаи Сарвари давлат ба бунёдкориву ободӣ

Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Тайи солҳои охир бо саъю кӯшиши Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободонӣ, бахусус сохтмони биноҳои нави маданию маишӣ, бунёди корхонаю боғҳои нав бо суръат идома дорад.

Сарвари давлатЭмомалӣ Раҳмон махсусан дар ҷараёни корҳои ободу зебогардонии диёр ва оғозу ба истифодадиҳии сохтмони иншооти муҳим шахсан иштирок менамояд, ки далел аз талошҳои ӯ нисбат ба пешрафт ва ободонии Тоҷикистон мебошад. Тавре маълум аст, дар ҷараёни ҳар як сафари кории Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ боғҳои нав бунёд шуда, сохтмону ба истифодадиҳии биноҳои нави маданию маишӣ, корхонаҳо ва ободонии гӯшаи диёр дар рӯҳияи баланди ифтихор аз ватану ҳисси миллӣ идома меёбанд.

Соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб аз ҷараёни ободонӣ дар ин минтақа шинос шуда, дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон як чанд иншооти нав, аз қабили Муассисаи маҷмааи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб, Маркази ташхиси минтақавии шаҳри Кӯлоб, хатти интиқоли қувваи барқи «Лолазор - Хатлон», Меҳмонхонаи «Хатлон» ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайидалӣ Вализодаро баъди таъмир расман мавриди истифода қарор дод.

Аз ҷумла, дар осорхонаи навбунёд, ки бо ибтикори шахсии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст, беш аз 150 нигораитаърихӣ ба маърази намоиш гузошта шудааст, ки қадимтарини он олоти сангини кишоварзӣ буда, ба асрҳои 4-3-и пеш аз мелод тааллуқ дорад. Ҳамчунин, дар ин осорхона сервизи комили сангин мавҷуд аст, ки чунин сервиси мукаммали қадима дар ягон осорхонаи дунё мавҷуд нест. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми Тоҷикистони бостонӣ аз қарнҳои дур маданияту фарҳанги баланд дошта, дар ихтирои масолеҳи лозима барои истифодаи рӯзгори рӯзмарраи худ завқи хос доштаанд.

Сокинони минтақаи Кӯлоб, ки аз набудани беморхонаи наву замонавӣ ва дорои таҷҳизоти пешрафтаи муосир танқисӣ мекашиданд, аз роҳандозии Маркази ташхиси минтақавии шаҳри Кӯлоб хеле хушнуд шуда, аз Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус аз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоскарданд. Бинои ин беморхона аз 4 ошёна иборат буда,148 кати наву замонавӣ дошта, дар он 22 нафар духтурони дорои маълумоти олӣ кор мекунанд, ки дар баробари осон намудани мушкилоти сокинони минтақа, ҳамзамон ба таъмини ҷойҳои кори холӣ мусоидат мекунад.

Чунин беморхона, соли ҷорӣ дар минтақаи Ҳисор низ бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуд, ки баҳри рафъи мушкилоти аҳолӣ ва табобати саривақтии беморон мусоид аст.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2006 то ин ҷониб дар вилояти Хатлон беш аз 100 иншоотисоҳаҳои мухталифсохта ва ба истифода дода шудааст.

Инчунин, дар ҷараёни рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Рашт Президенти ҷумҳурӣ хишти аввал ва нома ба наслҳои ояндаро зери пойдевори мактаби нави деҳаи Кӯлоба гузошта, сохтмони бинои филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро дар водии Рашт расман оғоз бахшид.

Дар рафти сафарҳои кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд боғҳои нав, иншооти наву замонавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва амсоли инҳо бунёд мегарданд, ки дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунанд.

Масалан, дар ҷараёни иштирок дар чорабиниҳои ҷумҳуриявии бахшида ба иди Наврӯз ва оғоз бахшидани корҳои нави ободонию созандагӣ дар вилояти Суғд Сарвари давлат дар оғози сохтмони чанд иншооти ҷашнӣ, аз қабили идомаи дубораи сохтмони литсейи нави Президентии шаҳри Чкалов, бунёди боғи нави миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, таъсиси Коллеҷи ҳунарҳои бостонии мардумӣ дар шаҳри Истаравшан ва ғайраҳо расман ширкат варзид.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки дар баробари бунёд гардидани боғи нави миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, тибқи лоиҳа дар боғи мазкур худи ҳамин сол зиёда аз 60 ҳазор бех навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо шинонида шуда, дар даромадгоҳи боғ бунёди чойхонаи миллӣ, бинои маъмурӣ ва маҷлисгоҳ, бошишгоҳ, толори намоишгоҳ, гармхона барои кишти сабзавоти барвақтӣ, ниҳолхона барои парвариш ва зиёд намудани дарахтони мевадиҳанда, сехҳо барои хушконидан ва коркарди меваю сабзавот, ҳамчунин мағозаву нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки таваҷҷӯҳи Сарвари давлат нисбат ба густариши соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли худӣ, ки аз самтҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ мебошанд, бештар аст.

Маврид ба ёдоварист, ки қариб дар оғози бунёд ва ё кушодашавии тамоми иншооти муҳими ҷумҳурӣ, бахусус пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе Сарвари давлат иштирок намуда, роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи муҳими ин иншоот маърӯза намуда, моҳияту аҳамияти онро ба ҳар як сокини кишвар рӯшан месозад.

Имрӯз сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳам ба он равона гаштааст, ки ҳарчи бештар ва равшантару возеҳтар мардуми кишвар моҳияту мундариҷаи бунёдкорӣ ва истеҳсоли ватаниро дарк намуда, баҳри ободии диёр, бунёди иншооти муҳим, аз ҷумла мактаб, биноҳои фарҳангию истиқоматӣ, корхонаҳои хурду калон, бунёди боғҳои нав, ба роҳ мондани парвариши занбӯри асал, ба дастовардани ду ҳосил аз заминҳои обӣ, истифодаи самараноки ҳар як захираю бойгарии табиати диёр ва амсоли инҳо, бевосита метавонанд дар пешрафт ва рушди кишвар мусоидат намоянд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156250