Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

11.04.200810:48

Дар Тоҷикистон «Бонуи сол»-ро интихоб мекунанд

Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Дар арафаи «Иди Оила», ки ҳамасола дар Тоҷикистон 15 май таҷлил мегардад барои муайян намудани бонуи соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, алоқа, бофандагӣ, инчунин ровии беҳтарин, судяи беҳтарин, сохтмончӣ ва рассоми беҳтариндар байни занону духтарон даври аввали озмуни «Бонуи сол» доир мегардад.

Бино ба маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар он занони фаъолу кордон интихоб гардида, ба даври ҷамъбастӣ роҳхат мегиранд. Даври ҷамъбастии озмун дар толори Кохи Ҷомӣ баргузор мегардад ва ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва рамзи озмун қадршиносӣ карда мешаванд. Мақсад аз гузаронидани чунин озмун фаъол гардонидани занону духтарон дар самти касбинтихобкунӣ ва муҳаббат ба касбу ҳунар мебошад.

Инчунин Кумита барои фаъолнокии занон дар ҷомеадигар чорабиниҳо мегузаронад.Аз он ҷумла ба ифтихори 1150 солагии одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки занону духтарон маҳфилу ҷамъомадҳо, шанбегиҳо ва маъракаҳои ҳашари ободонии маҳалли зист, гирду атрофи корхонаҳо, хиёбону гулгаштҳоро ташкил намуда, дар сарсабзии диёр саҳми худро мегузоранд.

Кумита бо мақсади тарғиб ва саҳмгузории ҳар як хонавода барои тозаю озода нигоҳ доштани макони зист ва кабудизоркунии маҳаллаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронидани озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» - ро эълон кардааст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

19.1017:50Как устроились продавцы рынка «Шохмансур»?
19.1016:38С транспортом в столице становится все хуже…
19.1016:23Рахмонзода: «Останки были перезахоронены с согласия родных». ВИДЕО
19.1015:20С «синими» загранпаспортами с продленным сроком уже нельзя выехать в ряд стран(1)
19.1014:56Конфликт между студентами госмедуниверситета завершился убийством


Самое обсуждаемое

18.1017:05В Худжанде известного кардиохирурга обвиняют в связях с салафитами(2)
18.1016:00В Китае представлен “гигантский рис” высотой в два метра(1)
18.1014:40В Таджикистане поставили на учет всех геев и лесбиянок(1)
19.1009:38В Согде жестоко убита супружеская чета предпринимателей(1)
19.1009:06Количество задержек вылетов в аэропорту Душанбе увеличилось на 28,5%(1)
19.1007:08Декан факультета одного из вузов Таджикистана задержан при получении взятки(1)
18.1017:19Внуки Джаббора Расулова намерены подать в суд на мэрию Душанбе(1)
19.1015:20С «синими» загранпаспортами с продленным сроком уже нельзя выехать в ряд стран(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468787