Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы

Item has already been added. Key in dictionary: '

]]>

]]>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    ' Key being added: '
    ]]>

    ]]>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    '


    Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

    Лента новостей

    11.04.200809:48

    Мулоқоти Сарвари Давлат бо зиёиён ҳамовозии амиқ пайдо кардааст

    (Мусоҳибаи хабарнигори АМИТ «Ховар» Дилшодаи Ҷонмард бо Сардори Роёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назриев.)

    - Таассуроти шумо ҳамчун иштирокчии бевоситаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли зиё аз ин вохӯрӣ?

    - ВохӯриҳоиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои гуногуни ҷомеа ба анъанаи хубе табдил ёфтааст, ки мулоқот бо аҳли зиё дар арафаи ҷашни Наврӯз аз ҳамин қабил аст.Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқоти худ низ суханронии пурмӯҳтавое дошт ва ҳам дар баромадаш ва ҳам ҳангоми муколама бо иштирокдорони мулоқот дар бораи ҳаллу фасли чандин мушкилот супоришу дастурҳо дод.

    Чун кору фаъолияти мо бештар дар самти ҳамкорӣ бо расонаҳои гуногуни хабарӣ равона шудааст, хуб мешуд, намояндагони Васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ин таъкидоти Сарвари давлатамонро ҳангоми таҳияи мавод ба эътибор бигиранд: «ҳақиқатро гуфтан зарур аст, вале танқид бояд дар заминаи таҳлили ҷиддӣ ва далелҳои боэътимод сурат гирад. Боз мегӯям, ки мардуми Тоҷикистон аз аҳли қалам танҳо сухани созандаро интизор аст. Чунонки файласуфи бузурги Чин Конфутсий мефармояд: «То ҳазор бор «зулмат» гуфтан, беҳтараш як маротиба шамъ барафрўз».

    Дар матбуоти даврии ҷумҳурӣ низ вобаста ба фаъолияти иштирокдорони мулоқот, яъне зиёиён ва раванди масъалагузории онҳо суханҳои интиқодӣ бисёр буданд. Дар баъзе мавридҳо то андозае бо андешаҳои муаллифони ин мавод розӣ шудан мумкин аст, зеро масъалагузорӣ дар мулоқот бо Роҳбари давлат бояд дар сатҳи хеле баланд сурат бигирад. Ба андешаи ман, бисёр хуб мешуд, агар зиёиёни мо бо истифода аз чунин имконият ба масъалаҳои миқёсан умумимиллӣ ва умумидавлатӣ рӯ меоварданд, вақти ҷудошударо бисёр самаранок истифода мебурданд.

    - Шумо баргузории чунин мулоқотҳоро ҷиҳати рушди соҳаҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла бахши илму фарҳанг чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

    -Ҳар як мулоқоти Президент тавассути тартиб додани нақшаҳои корӣ, таҷдиди назар кардан аз усулу муносибатҳо нисбат ба ҳалли масъалаҳо, ҳатто ворид кардани тағйироту иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ аз тарафи сохторҳои марбутаи давлатӣ пайгирӣ карда мешавад. Пас аз ин мулоқот ҳам бо мақсади амалӣ кардани супоришу дастурҳои Роҳбари давлатчораҳои зиёде амалӣ хоҳанд шуд. Яъне, зарурати чунин мулоқотҳо баҳснопазир буда, ба рушди ҷомеа таъсири мусбӣ расонида метавонанд.

    Ҳамасола дар арафаи Наврӯз мулоқот оростани Сарвари давлат бо зиёиён бесабаб нест. Ҷумҳурӣ ба дастгирии аҳли зиё, пешниҳоди идеяҳои нав, мусоидат кардани онҳо дар пешрафти ҷомеа, рушди илму техника, рӯ овардан ба технологияи нав ва таҳким бахшидан ба нумӯи иқтисоди кишвар ниёзи калон дорад. Ягон кашфиёте намекунем, агар бигӯем, ки дар ҷаҳони муосир бе ҳаллу фасли чунин масъалаҳо мустаҳкам кардани мавқеи худ душвор аст.

    - Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар бобати ҳамкории олимони мо бо ҳамтоёни хориҷии худ чӣ корҳоро ба субут мерасонад?

    - Имрӯз муассисаҳои илмӣ ва таълимии мо метавонанд бевосита бо ҳамкасбони хориҷиашон муносибату ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монанд. Баъзе вазорату муассисаҳо, Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва иддае аз муассисаҳои таълимиамон бо муассисаҳои ҳаммонанди хориҷӣ дар бораи рушди ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, тайёр кардани кадрҳо, табодули мутахассисон силсилаи шартномаҳо низ ба имзо расондаанд.

    Аз ҷониби худ, Вазорати корҳои хориҷӣ низ ҳавасманд аст, ки чунин муносибатҳо доираи васеътар ва мавзӯъҳои бештарро дар бар бигиранд. Вазорат ба ҳамаинамояндагиҳои дипломатии мо дар хориҷа супориш додааст, ки бо доираҳои илмӣ ва фарҳангии кишвари иқомат, олимону эҷодкорони алоҳида ҳамкориизич дошта бошанд, миёни онҳо ва олимону аҳли фарҳанги мо робита барқарор кунанд.Мо боварӣ дорем, ки чунин ҳамкориҳоба пешрафти илму фарҳанги мо кӯмаки ҷиддие расонда метавонанд.

    Аз дигар ҷиҳат ҷумҳурии мо ба сифати давлати соҳибистиқлол ба дастгирии иттилоотӣ ниёзи бештар дорад. Дар баробари ин баъзе зуҳуроти манфиеро, ки мақсад аз онҳо шояд халал ворид кардан ба нуфузи кишвари мо бошад, пешгирӣ кардан зарур аст. Масалан, дар матбуоти хориҷӣ ва саҳифаҳои интернетӣ баъзан маводе ба табъ мерасанд, ки тавассути онҳо муаллифон таърихи моро таҳриф карданӣ мешаванд, дастовардҳои моро зери шубҳа мегузоранд.Яке аз мақсадҳои дигари ин ҳамкориҳоон аст, ки олимону хабарнигорон ва дигар зиёиёни хориҷии бо халқу диёри мо шинос бобати тарғиби кишвари мо, аз ҷумла таъриху фарҳанг ва анъанаҳои қадимаву имрӯзаи мардум, ҳаётиимрӯза, имконияту захираҳои табиии он ва дар маҷмӯъ офаридани симои мусбии Тоҷикистон мусоидат кунанд.

    Ташаккур барои сӯҳбат.

    Источник: ИА "ХОВАР"
    0.0
    - всего оценок (0)
    - ваша оценка


    Новый комментарий
    Автор Сообщение
    Данную новость еще не обсуждали

    Обсуждение в Facebook:




    Главные новости

    09.1218:08«Як чи парто». За что мы ежедневно даем «на лапу»
    09.1214:58С.Аслов заявил о недопустимости участия криминальных лиц на мероприятиях ОБСЕ
    09.1214:48Житель Исфары подозревается в покушении на убийство
    09.1214:41ОДКБ требует не пустить "преступников" на заседания ОБСЕ
    09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)


    Самое обсуждаемое

    07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
    09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)
    09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)
    09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(1)



    (C) 2001-2016 TopTJ.com

    TopTJ.com - Новости Таджикистана
    00:00:00.0156246