Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

11.04.200814:48

Мулокоти Эмомалӣ Раҳмон бо Бернар Кушнер

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Бернар Кушнерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оѓози сўҳбат изҳор дошт: - «Фаронса шарики асосии Тоҷикистон дар Аврупо аст ва мо ба рушди пайвастаи ҳамкориҳо бо он манфиатдорем».

Бернар Кушнер омўзиши таҷрибаи зиддитеррористии кишвари моро барои Фаронса бисёр муҳим маънидод карда, ба нақши Тоҷикистон ва саҳми бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмондар таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва кўмаку дастгирии нерўҳои посдори сулҳ дар Афѓонистон баҳои баланд.

Баррасии масоили омодагӣ ба ду конфронси муҳимми байналмилалӣ, ки имсол дар шаҳри Париж баргузор мегарданд, аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд. Конфронси аввал оид ба Афѓонистон моҳи июн ва дуюмаш моҳи сентябр доир ба ҳамкории байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷараён хоҳанд гирифт.

Бернар КушнерТоҷикистонро шарики стратегии кишвари худ дар Осиёи Марказӣ номида, изҳор дошт, ки Фаронса омода аст ба кишвари мо дар беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба он мусоидати фаъол дошта бошад. Ў ҳамчунин таъкид намуд, ки Фаронса минбаъд тасмим дорад ѓайр аз таҷдиди фурўдгоҳи шаҳри Душанбе ҳамчунин дар татбиқи дигар лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон фаъолона иштирок намояд.

Зимни сўҳбат дар бораи тавсиаи ҳамкориҳои барои ҳарду ҷониб судманд дар соҳаҳои сиёсат, мудофиа, энергетика, нақлиёту коммуникатсиява дигар самтҳои афзалиятнок гуфтугўи судбахш сурат гирифт.

Ҷонибҳо тасмимоти сохторҳои дахлдори ду кишварро оид ба фаъол гардондани шўрои соҳибкорон ва комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ воситаи хуби рушди муносибатҳои дуҷониба маънидод карда, ҳамчунин аз заминаи мавҷудаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ дар чаҳорчўби Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

20.0112:45Глава МВД Таджикистана обвинил милицию в слабой работе с населением
20.0111:59В Душанбе проходит операция «Зачистка»
20.0111:48Эмомали Рахмон выразил соболезнования президенту Ирана
20.0111:12Главные торжества в честь Навруза пройдут в Душанбе и Турсунзаде
20.0110:40Глава Налогового комитета: оштрафован не только Tcell, но и другие операторы


Самое обсуждаемое

18.0106:31Рустам Эмомали будет управить столицей из Дворца президента(8)
18.0115:40Сказ о том, как после таджикского суда я непатриотом и нетаджиком стал(8)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(8)
18.0112:16У женщин нет души — утверждают ханжи(2)
19.0121:33Таджикистан ищет альтернативные маршруты для трудовой миграции(1)
20.0112:16«Памир Энерджи» не стала вводить дополнительный энерголимит в ГБАО(1)
19.0117:1345% россиян недовольны положением дел в стране(1)
19.0109:59В Таджикистане погиб начальник Генштаба(1)
19.0115:46В Душанбе увековечили память Сухроба Шарипова(1)
19.0109:40Новый глава Минздрава - о проблемах таджикской медицины(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156235