Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

11.04.200817:48

Сўҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Данѓараю Шаҳринав Маҳмадулло Сайдалиев ва Раҳматуллои Пулод ва раиси шаҳри Турсунзода Баракатулло Атохоҷа оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли равон тавассути телефон ҳисобот доданд.

Таваҷҷўҳи махсус ба вусъат додани киштукори баҳорӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, рушди боѓутокпарварӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ зоҳир гардид.

Дар ҳисоботи раиси ноҳияи Данѓара зикр гардид, ки то имрўз дар майдони 35-37 ҳазор гектар ѓалладона кошта ва дар 500 гектар замин боѓҳои нав бунёд ёфтаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ноҳияи Данѓара ба ҳайси ноҳияи калонтарини ѓаллакори кишвар дар таъмини бозори дохилӣ бо орду гандум ва дигар навъҳои ѓалладона масъулияти хоса дорад.

Роҳбарони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав вазифадор гаштанд, ки доир ба таъминоти бозорҳои пойтахти кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ, пеш аз ҳама гўшту шир, тухм ва меваю сабзавот пайваста чораандешӣ кунанд.

Ба раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур ҳамчунин супориш дода шуд, ки оид ба иҷрои саривақтӣ ва босифати муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар оид ба таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монанд.

Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рафти сафарҳояш ба шаҳру ноҳияҳои мазкур оид ба корҳои ободонию созандагӣ дода шуда буданд, зоҳир гашт. Таъкид гардид, ки то 27 июни соли равон дар шаҳри Турсунзода 8-9 иншооти нав, аз ҷумла як литсей, 4 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, як бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва варзишгоҳи марказии шаҳр бояд мавриди истифода қарор бигиранд. Сохтмони як варзишгоҳ ҳамчунин дар ноҳияи Шаҳринав ва як қатор иншооти дигар дар ноҳияи Данѓара идома дорад, ки ҷараёни он таҳти назорати пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳарсеи онҳо ҳамчунин оид ба кабудизоркунии муҳити зист ва аз ҳозир оѓоз намудани омодагӣ ба зимистони оянда, аз ҷумла баҳри захираи фаровони ангишту гази моеъ ва кушодани нуқтаҳои фурўши онҳо дар тамоми маҳалҳои калони аҳолинишин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

16.1212:00ТНТ выпустил в эфир видеоролик с извинениями перед ингушами
16.1210:27Известной таджикской певице срочно нужны деньги на лечение сына
16.1208:09Дело Каромата Шарипова: Почему его выгнали из России?(1)
14.1216:48Автоблоггер из Душанбе решил проблему плохого бензина
14.1211:57"Я не мог больше терпеть побоев и убил отца"


Самое обсуждаемое

13.1213:51Российский Совет при президенте России по правам человека заступился за Шарипова(4)
16.1208:09Дело Каромата Шарипова: Почему его выгнали из России?(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468842