Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

12.04.200817:48

Нишасти матбуотии Бернар Кушнер

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абўбакр). – «Тоҷикистон шарики стратегии Фаронса дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад»,- чунин тазаккур дод, пас аз анҷоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонВазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Бернар Кушнер.

Ў афзуд, ки муносибатҳоисудманд ва ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса солҳои зиёдест, ки дар сатҳи баланд ҷараён доранд.

Боиси хурсандӣ ва таъкид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Фаронса думаротиба ташриф овардабарои густаришиҳамкориҳо заминаи асосӣ гузошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Фаронса дар оянда бо як мақсаду мароми ягонабароитинҷию осоиштагӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ дар минтақакўшиши бештар хоҳанд кард, афзуд зимни нишасти матбуотӣБернар Кушнер.

Тоҷикистонбо Фаронса шарики стратегӣ буда,аҳли ҷомеаи фаронсавиҳо саҳми назарраси Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳ дар Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон қадр намуда,таҷрибаи сиёсати давлати шумо дар баррасии масоили Афѓонистон мавриди омўзиши мо қарор хоҳад гирифт. Бо ин мақсад дар ин сафар намояндагоназ Сенат ва Парламенти Ҷумҳурии Фаронса ҳамроҳи моба Тоҷикистон омаданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Бернар Кушнер зимни мусоҳиба бо хабарнигорон изҳор дошт, киташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷонибаи қувваҳои сулҳхоҳ ва нерўҳои созандаи бунёдкор дар Афѓонистон дар ин даҳсолаи охир мисоли барҷастаисиёсати эътирофгардидаи ў мебошад.

Дар байни сиёсатмадорони ҷаҳон аввалин шуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар зидди зўровариву хусунат терроризм ва эктремизм муборизаи қатъиро шурўъ кард.

Ҳанўз даҳ сол муқаддам бо саъю кўшиши ў даргириҳо дар минтақа коҳиш ёфта иттиҳоди эътилофишимоли Афѓонистонки роҳбарашшахсияти таърихӣ Аҳмадшоҳи Масъуд буд, маҳз бо кўмаку дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистониттиҳоди мазкур дар роҳи ҳаллимуноқишаҳова муқовимат бар зидди нерўҳоитеррористӣ сангар гирифта буданд ва талошҳои иттиҳоди мазкур роҳи росту ҳақиқатрокушода мекард, таъкид сохт ў зимни нишасти матбуотӣ.

Имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷодаи пурарзишро қадр мекунад. Зерохавфу таҳдидитерроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки бар зидди онкулли давлатҳо бояд муттаҳид бошанд.

Дар ҳамин замина 12 июни соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Фаронса Конфронси байналмилалӣ бо иштироки Вазирони корҳои хориҷии давлатҳо оид ба таҳким бахшиданиамнияти Афѓонистон барпо мегардад, ки албатта ҷониби Тоҷикистондар ин конфронс фаъол хоҳад буд. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар чӣ зудтар ҷомаи амал пўшидани ормонҳои мардуми Афѓонистонсаъю кўшиши зиёд дорад.

Ҳамчунин дар таърихи 17-18 сентябри ҳамин сол дар Фаронса мулоқоти хотирмони вохўрии роҳбарони Иттиҳоди Аврупо бо Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Албатта умеди мо хеле қавӣ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса бо ҳалли бисёр масъалаҳои муҳимми минтақа ва ҷаҳон ба натиҷаҳои аз ин ҳамбеҳтар хоҳандрасид.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

06.1218:15Узбекистан отменяет визы для туристов из 27 стран
06.1215:55Афганистан проведет расследование связей талибов с Россией и Ираном
06.1215:50В Душанбе вынесен приговор троим мужчинам, убившим и расчленившим женщину
06.1215:479 лет тюрьмы за неудачный "киднеппинг"


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(4)
06.1209:18Эмомали Рахмон обратится с посланием парламенту Таджикистана до нового года(1)
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156247