Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.04.200814:48

Баррасии 97 парванда дар Суди Олии иқтисодӣ

Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли равон 97 аризаи даъвогӣ ва шикояту эътирозҳо моҳиятан баррасӣ карда шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 парванда зиёд мебошад.

Ин нуктаро Раиси Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ Амирхоҷа Ғойибназаров 14 апрел зимни баргузориинишасти матбуотӣ, ки бо иштироки намояндагони Васоити ахбори омма ва судяҳои Суди Олии иқтисодӣ баргузор гардид, баён дошт.

Бино ба гуфтаи Ғойибназаров, ҳамчунин дар ин муддат дар Суди Олии иқтисодӣ 168 аризаву шикоятҳо баррасӣ гардидааст.

Дар ин давра нисбат ба 7 санади судӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ ва Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироз оварда шудааст, ки 4 адади онҳо дар Раёсати Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ баррасӣ гардида, як эътироз баргардонида шуд ва як эътирози дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Ҳамчунин дар семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби кормандони Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ 132 ҳазору 913 сомонӣ руёнида шуда, ба буҷаи давлат баргардонида шуд.

«Дар асоси ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ғайриқонунӣ хусусӣ гардонидани Комбинати консервабарории шаҳри Исфара ҳамаи амволи ин комбинат ба ҳисоби давлат баргардонида шуд», - зикр намуд А. Ғоибназаров.

Дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки аз 1 апрели соли 2008 Кодекси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи суди иқтисодӣ мавриди амал қарор гирифтааст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0309:32Грузовик «Дулан» опрокинулся в водосточный канал Душанбе. Погибли двое
25.0309:14МИД России разъясняет россиянам, как вести себя в Таджикистане
24.0322:23В Москве прошел дипломатический прием по случаю Навруза
24.0313:20Президент ознакомился с ходом реконструкции санатория «Зумрад» в Исфаре
24.0313:01В Душанбе состоится лазерное шоу


Самое обсуждаемое

24.0307:03Сборная Таджикистана на последних минутах упустила победу над Бахрейном(2)
24.0311:56Как исфаринцы Эомали Рахмона встречали(2)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156306