Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы



Аренда биотуалетов
Аренда туалетных кабин

Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.04.200811:48

Коллегияи Суди Олӣ ба қотилон ҷазои сазовор таъин намуд

Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). - Коллегияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии судяи ин суд Нуриддин Расулов парвандаи ҷиноиро нисбат ба 3 нафар - Тағдиршо Раҷабзода, Асомуддин ва Сӯҳробшо Охуновҳо, сокинони ҷамоати деҳоти Самсолики ноҳияи Нуробод, ки ба куштори 4 нафар сокини ҷамоат гумонбар дониста шуда буданд, дида баромад.

Тавре дар ҷараёни тафтишот маълум гардид, номбурдагон 10 ноябри соли 2007 бо нияти ғаразнок, бо роҳи муфт ба даст овардани маблағи пулӣ, бо сабаби нафрат ва гирифтани интиқоми хунин бо мақсади куштани ҳамаи аъзои оилаи Маҳмадовҳо ба ҳавлии Зикриё Маҳмадов даромада, ӯ, ҳамсараш - Сунбула Хуҷиева, фарзанди хурдии онҳо - Муҳаммади Зикриё ва модараш - Зайдона Хайруллоеваро бо истифодаи яроқи оташфишон ба қатл мерасонанд.

Коллегияи судӣ Асомуддин Охунов ва Тағдиршои Раҷабзодаро дар асоси моддаи 67 қисми 4-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан бо мусодираи амвол ва бо адо намудани он дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш махсус таъин намуд. Ба Сӯҳробшо Охунов бошад, тибқи моддаи 195, қисми 2, банҳои «б, в» - иКодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 сол ва бо адо намудани он дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр, ҷазо таъин гардид.

Асомуддин Охунов соли таваллудаш 1979 пеш бо ҳукми суди ноҳияи Дарбанд (ҳозира Нуробод) моҳи феврали соли 2001 бо моддаи 111, қисми 1 - и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди корҳои ислоҳи ба муҳлати як сол татбиқ гардида буд.

Номбурда, ҳамчунин дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 186, қисми 2, моддаҳои 32, қисми 2 - 104, қисми 2, бандҳои «а, в, з, м», 32, қисми 3-104, қисми 2 бандҳои «в, з, м», 104, қисми 2, бандҳои а, в, е, ж, з, и, м, 249, қисми 4, бандҳои «б, в», 195, қисми 2, бандҳои «а, б, в» ва 120 - и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудааст.

Тағдиршои Раҷабзода соли таваллудаш 1975, сокини ҷамоати деҳоти Самсолики ноҳияи Нуробод, омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 37-и ҳамин ноҳия бо моддаҳои 195, қисми 2, бандҳои «б, в», моддаҳои 32, қисми 2-104, қисми 2, бандҳои «а, в, з, м», 32, қисми 3-104, қисми 2, бандҳои «в, з, м», 104, қисми 2, бандҳои «а, в, е, ж, з, и, м», 249, қисми 4, бандҳои «б, в»-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ ва Охунов Сӯҳробшо соли таваллудаш 1983 бо моддаи 195, қисми 2, бандҳои «б, в» - и Кодекси ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешаванд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

26.0611:06В Таджикистан отгружена первая партия автомобилей JAC казахстанской сборки
26.0609:06Таджикистан отмечает Ид аль-Фитр. ВИДЕО
25.0615:26Тысячи мусульман в России участвовали в праздничном намазе. 2 ВИДЕО
24.0616:50Совет улемов: "идгардак" противоречит шариату и ханафитскому мазхабу
24.0615:37В Таджикистане госслужащим велели выйти в Иди Рамазон на работу


Самое обсуждаемое

24.0613:47Путин рассказал о связи своей работы в КГБ с нелегальной разведкой(2)
24.0613:10Сотрудники аэропорта Душанбе сделали подарок жителям столицы(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156266